Бозии даври сеюми гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Эрону Тоҷикистон шаби ҷумъаи 11-уми апрел дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал”, доир шуд.
Дар нимаи аввали дидор Меҳрубон Одилзода, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 12-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Умед Қарачумоқлу дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 52-юм, ба самар расонд. Голи дуюми мунтахаби Тоҷикистонро Аҳмадҷон Шоев дар дақиқаи 67-ум зад. Абдулло Иброҳимзода дар дақиқаи 89-ум голи сеюмро ба дарвозаи эрониҳо ворид кард.
Бозии дигари даври ниҳоӣ дар гурӯҳи “D” 11-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, миёни дастаҳои наврасони Умону Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар гурӯҳи “D” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Футболбозони навраси тоҷик дар чорякфинали Ҷоми Осиё-2025 бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки дар гурӯҳи “С” дуюм шуд, 14-уми апрел (соати 22:15 бо вақти Душанбе) рақобат мекунанд.
Мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ, ки бо 5 имтиёз дар гурӯҳи “D” ҷойи дуюмро гирифт, дар даври чорякниҳоӣ бо ғолиби гурӯҳи “С” – мунтахаби Индонезия – 14-уми апрел (соати 19:00 бо вақти Душанбе) вориди рақобат мешавад.
Ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои Узбекистон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҷопон – Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Бояд зикр намуд мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буданд:
гурӯҳи «А» - Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Тайланд, Чин;
гурӯҳи «В» - Ҷопон, Австралия, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;
гурӯҳи «С» - Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Афғонистон, Индонезия;
гурӯҳи «D» - Эрон, Тоҷикистон, Уммон, Кореяи Шимолӣ.
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шуданд, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар доир мегардад.
Ба ин тартиб, ҳашт даста - Узбекистон, Арабистони Саудӣ (ҳарду аз гурӯҳи “А”), Ҷопон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (ҳарду аз гурӯҳи “В”), Индонезия ва Кореяи Ҷанубӣ (ҳарду аз гурӯҳи “С”), Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ (ҳарду аз гурӯҳи “D”) – ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шуданд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:
Ҷ | ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | Тоҷикистон | 3 | 2 | 0 | 1 | 5-5 | 6 |
2 | Кореяи Шимолӣ | 3 | 1 | 2 | 0 | 6-3 | 5 |
3 | Уммон | 3 | 1 | 1 | 1 | 6-6 | 4 |
4 | Эрон | 3 | 0 | 1 | 2 | 4-7 | 1 |
Чорякфинал
13-уми апрел (якшанбе)
Ҷопон - Арабистони Саудӣ - 19:00 (вақти Душанбе)
Узбекистон - Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - 22:15 (вақти Душанбе)
14-уми апрел (душанбе)
Индонезия – Кореяи Шимолӣ - 19:00 (вақти Душанбе)
Тоҷикистон - Кореяи Ҷанубӣ - 22.15 (вақти Душанбе)