Дар арафаи ин бозӣ 19-уми март Гела Шекиладзе, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, “Бозии дӯстона бо Беларус барои мо аз нигоҳи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 хеле муҳим аст. Мо барои натиҷаи мусбат талош мекунем. Ин ки аксари бозигарони тими миллии Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд, мушкиле нест. Вақте ки футболбоз ба майдон мебарояд, дар бораи чизе фикр намекунад, ӯ мехоҳад бозӣ кунад ва барои шод кардани мухлисонаш бештар тамаркуз менамояд. Имон чӣ дар футбол ва чӣ дар берун аз майдон муҳим аст.”
Олег Баклов, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт, ки рақобат бо Беларус аввалин бозии хонагии даста дар мавсими имсола аст. Вай афзуд, “бар зидди рақиби хуб ва қавӣ бозӣ хоҳем кард. Аксар бозигарони тими миллии Беларусро мешиносам. Таҳлили видеоии рақибро тамошо кардем. Ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нест, бояд бо чунин дастаҳо бозӣ кард. Ҳамаи бозигарони мо танҳо барои натиҷаи мусбат талош хоҳанд кард.”
Бояд зикр намуд, дарвозабони асосии тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов бинобар ҷароҳат бардоштанаш дар ҳайати дастаи хеш – “Ростов”-и Русия - дар бозиҳои мунтахаби кишвар муқобили тимҳи яккачини Беларус ва Тимори Шарқӣ иштирок намекунад.
Бозӣ бо мунтахаби Беларус барои тими миллии Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба нахустин бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад, ки 25-уми март дар Душанбе доир мегардад.
Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларусро ҳайати доварон аз Узбекистон ҳакамӣ мекунад. Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Рустам Лутфуллин довари марказӣ хоҳад буд.
Мунтахаби Беларус бошад, бо роҳбарии Карлос Алос Феррери испанӣ, ки аз моҳи августи соли 2023 вазифаи сармураббии дастаро ба зимма дорад, ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 омодагӣ мебинад.
Футболбозони беларус дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Юнон ва Шотландия рақобат мекунанд. Аввалин бозии мунтахаби Беларус 5-уми сентябри соли равон дар меҳмонӣ бо тими миллии Юнон доир мегардад.
Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA мунтахаби Беларус бо 1226,31 имтиёз дар ҷойи 98-ум ва Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар зинаи 104-ум қарор доранд.
Ба ҳайати тими миллии кишвар 24 бозигар (3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар) шомиланд, ки 13 нафарашон легионер мебошанд.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳо муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ:
Дарвозабонҳо: Олег Баклов («Уфа», Русия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Динамо», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Суғдиён», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Кяпаз», Озарбойҷон), Ҳамадонӣ Камолов («Гулгуҳар», Эрон), Салоҳиддин Эргашев («Арсенал», Беларус), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Узбекистон), Далер Шарипов («Шуртан», Узбекистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).
Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).
Бозии дӯстона
20-уми март (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
Тоҷикистон - Беларус
Сардовар: Рустам Лутфуллин (Узбекистон).
Кӯмакдоварон: Санҷар Шоҳюсупов, Акмал Ғиёсов (ҳарду аз Узбекистон).
Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Тоҷикистон).
Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Тоҷикистон).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ