Намояндаи вижаи Доналд Трамп гуфт, президенти Амрико ин ҳафта бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар бораи поён додан ба ҷанги сесола дар Украина гуфтугӯ хоҳад кард. Стив Виткофф рӯзи 16-уми март дар суҳбат бо шабакаи CNN музокироти худро бо Путин дар ҳафтаи гузашта "мусбат" хонд ва изҳори умед кард, ки пешрафти воқеӣ дар амри поён додан ба ин даргирӣ ба даст биояд.
Ӯ ба CNN гуфт, "интизор дорам, ки ин ҳафта тамоси телефонӣ миёни ҳар ду президент барқарор шавад" ва таъкид кард, ки гуфтугӯйи миёни Трамп ва Путин "бисёр хуб ва мусбат" хоҳад буд.
Стив Виткофф, ки намояндаи хоси Трамп дар умури Ховари Миёна аст ва дар музокироти сулҳ дар Украина ҳам нақш дорад, дар идома гуфт, "мо ҳамчунин дар ҳоли гуфтугӯ бо украиниҳо ҳастем".
Намояндаи Доналд Трамп афзуд, "агарчӣ вазъият дар майдони ҷанг бисёр печида аст, мо дар ҳоли пур кардани холигоҳ миёни ду тараф ҳастем."
Раисҷумҳури Амрико дар моҳи феврал эълон карда буд, ки бо Путин барои поён додан ба ҷанг дар Украина ва масъалаҳои дигар гуфтугӯйи телефонӣ доштааст. Пас аз он, ҳайатҳои баландпояи ду кишвар 18-уми феврал дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, мулоқот карданд.
Дар он музокирот Украина ва кишварҳои аврупоӣ ҳузур надоштанд.
Аз тарафи дигар, ҳамзамон бо талошҳои Аврупо ва Амрико барои барқарории сулҳ миёни Русия ва Украина, ҳамлаҳои маргбор ва вайронгари ду кишвар ба хоки якдигар идома дорад.
Нерӯҳои артиши Русия рӯзи 15-уми март ба фишори худ барои ақиб рондани нерӯҳои украинӣ аз минтақаи Курск дар дохили хоки Русия идома доданд, аммо Киев эълон кард, ки нерӯҳояш дар ин минтақа муҳосира нашудаанд. Ҳамзамон чанд минтақа дар ду кишвар ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтанд.
Ин таҳаввулот дар ҳоле сурат мегирад, ки сарвазири Бритониё, рӯзи 14-уми март пас аз поёни нишасти маҷозӣ бо 25 кишвар ва созмони пуштибони Украина, дар як нишасти хабарӣ таъкид карда буд, ки Путин "агар дар мавриди сулҳ ҷиддӣ аст, даст аз ҳамлаҳои ваҳшиёнаи худ бардорад".
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, низ гуфтааст, Русия "чорае ҷуз қабули оташбас надорад. Дар ғайри ин сурат, бо таҳрим рӯбарӯ хоҳад шуд." Ӯ, албатта, таъкид кардааст, ки умедвор аст, кор ба онҷо накашад.