Нокомии муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Ниши Сербия ҷараён дорад, рақобатҳои худро ба поён расонда, натавонистанд медал бигиранд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур се нафар - Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова ва Нилуфар Бобоёрова - намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо Самадова натиҷаи хубтар нишон дод.

Миҷгона дар вазни то 57 кило, ки дар даври аввал Перес Меҷиа Диана Паломаро аз Мексика ва дар даври баъдӣ Чеге Паолин Вандияро аз Кения шикаст дод, ба чорякфинал баромад. Аммо ӯ дар даври чаҳорякниҳоӣ шаби 13-уми март аз рақибаш Пунрави Руенрос аз Тайланд мағлуб шуд.

Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило дар даври аввал бинобар ҳозир нашудани рақибаш Эсона Петер аз Африқои Ҷанубӣ ба сабқат ба даври дуюм роҳ ёфт. Вале муштзани тоҷик дар ин давр аз Озер Гиземи турк мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Нилуфар Бобоёрова бошад, дар вазни то 63 кило дар даври аввал аз намояндаи Литва Екатерина Сорокина шикаст хӯрд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Сербия 8-уми март оғоз ёфт, то рӯзи 16-уми март идома хоҳад кард. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ 239 муштзан аз 51 кишвар аз рӯйи 12 вазн қувва меозмоянд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Мансур Муҳиддинов аз Тоҷикистон ба ҳайси ҳакам иштирок дорад.

Ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Сербия ба ғайр аз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд. Барандагони медалҳои тило 100 ҳазор доллар, соҳибони медалҳои нуқра 50 ҳазор доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор доллар мегиранд.

Бори аввал дар таърихи ин мусобиқа ҳамаи варзишгароне, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, ҳар кадом соҳиби ҷоизапулӣ ба маблағи 10 ҳазор доллар мешаванд.

Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.