Трамп гуфт, тасмим дорад ҷанги Украинаро "ҳаллу фасл" кунад

Доналд Трамп. Акс аз моҳи декабри 2024

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, гуфт, майл дорад, ки гуфтугӯҳо бо Русия барои поён додан ба ҷанги Украина пас аз ворид шудани ӯ ба Кохи Сафед билофосила оғоз шавад.

"Русия бисёре аз ҷавонони худро аз даст медиҳад ва ҳамин тавр Украина ҳам," -- гуфт ӯ рӯзи 7-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Флорида.

Трамп нагуфт, ки оё бо президенти Русия Владимир Путин дидор хоҳад кард ё не, аммо афзуд, чунин мулоқоте пеш аз маросими савгандёдкунии ӯ дар рӯзи 20-уми январ муносиб нахоҳад буд.

"Наметавонам дар ин бора чизе бигӯям, вале медонам, ки Путин моил аст мулоқот кунад," -- афзуд Трамп.

Қабл аз ин, дар охири моҳи декабр, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гуфта буд, ки барои дидор байни президентҳои Амрико ва Русия ҳеч шарти пешакӣ вуҷуд надорад.

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар корзори интихоботии худ гуфта буд, ки метавонад давоми 24 соат ба ҷанги Украина поин диҳад. Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе изҳори умед кард, ки ин ҷанг то шаш моҳи оянда поён ёбад.

Доналд Трамп дар нишасти хабарии худ гуфт, тасмим дорад, ин масъаларо "ҳаллу фасл кунад", вале ҳамзамон афзуд, "ин кори душворе аст".

Изҳороти Доналд Трамп дар ҳоле аст, ки ҳукумати Ҷо Байден ҳамзамон бо сафари Ллойд Остин, вазири дифои Амрико ба Олмон дар рӯзи панҷшанбе, қарор аст, охирин кумакҳои низоми худро ба Украин муаррифӣ кунад.

Остин бо намояндагони ҳудуди 50 кишвар, ки узви гурӯҳи тамоси дифоъ аз Украина ҳастанд, дар пойгоҳи ҳавоии Амрико ва НАТО дар Олмон дидор хоҳад дошт.

Мақомоти Украина нигаронанд, ки шитоби Доналд Трамп барои музокира бо Русия боис шавад, то Маскав битавонад бахшҳое аз хоки Украинаро, ки тасарруф кардааст, ҳамчунон дар ихтиёраш нигаҳ дорад. Украина мехоҳад Трампро ташвиқ кунад, ки ҳимояти низомии Амрикоро аз ин кишвар идома диҳад.