Гумонбарони қатлҳои Конибодом кӣ ҳастанд? Додситонии кулл гуфт, ҷиноят "кушода шуд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайиҳам дар шаҳри Конибодом, ки аҳолиро дар ҳолати тарсу нигаронӣ қарор дода буд, 4 кас дастгир шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ бархе ҷузъиёти вобаста ба шахсияти боздоштшудаҳоро хабар медиҳад.