Дар шаҳри Конибодом боз чор касро куштаанд

Даромадгоҳи деҳаи Ҳисорак (Акс аз бойгонӣ)

Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила ҳастанд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух додааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот ва ҳам сокинон гуфтанд, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар ва ду каси дигар модару писар буданд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва ҳамсараш Зарнигори 28-сола будаанд. “Аз инҳо се фарзанд ятим монд, шаби ҳодиса онҳоро накуштаанд,”-афзуд манбаи Озодӣ.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, афроди номаълум шаби гузашта Ойиша Шокирова 70-сола ва писари 44-солааш Ҷавлон Шокировро ҳам ба қатл расониданд.

Мақомот то ин лаҳза дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳе намедиҳанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмии ҳодиса ба шаҳрдории Конибодом ва Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард. Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом баъди шунидани суоли мо, бо зикри инки "маҷлис дорам" гӯширо гузошт. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба зангҳои батакрори мо посух надод.

Деҳаи Ҳисорак ё собиқ Қурғонча, як деҳаи хурде дар наздикии маркази шаҳри Конибодом аст.

Баъд аз моҳи марти имсол, дар бораи кушта шудани аъзои дастикам ҳашт оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.

Додгоҳҳои Тоҷикистон то ин дам ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум кард. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Ашӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Наздикони Шарифҷон Ашӯров ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доранд. Пайвандони бархе аз кушташудаҳо ҳам мегӯянд, агар инҳо қотилони асосӣ бошанд, пас чаро куштори оилаҳо дар Конибодом то ҳол давом дорад?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

20 сол зиндон. Ҳукми сокини дигари Конибодом бо гуноҳи куштани ду касБарои қатли ду оила дар Конибодом як нафар ба ҳабси абад маҳкум шудҶасади шаш узви як оиларо дар Конибодом дафн кардандМарги фоҷиабори Наимҷон Неъматов ва зану чор фарзандаш. ВКД – хомӯш, мардум – нигаронКонибодом: Боздошти ду гумонбар бо иттиҳоми қатли ҷавони 25-солаМақомот гуфтанд, ки чаро қатлҳо дар Конибодомро пурра шарҳ намедиҳанд "Баҳси оилавӣ", "сирри тафтишот". ВКД кушторҳоро дар Конибодом шарҳ дод