Анҷоми мавсими футбол дар Тоҷикистон

Мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон бо бозии даври 22-юми Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб ба анҷом расид.

Ин бозии мавқуфмондаи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки 11-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Дарко Илиески зад (90+3).

Пас аз пирӯзӣ муқобили дастаи “Равшан” тими “Истиқлол” шумораи имтиёзҳояшро ба 59 адад расонид. «Истиқлол» дар мусобиқоти имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон пешакӣ ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфта буд. Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори сездаҳум ва маротибаи ёздаҳум пайиҳам соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 қаҳрамони Тоҷикистон гашта буд.

Мубориза барои медалҳои нуқраю биринҷии мусобиқоти Лигаи олӣ хотима ёфт. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷадвали мусобиқот бо 43 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт, барандаи медалҳои нуқра гардид. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки бо 41 имтиёз зинаи сеюмро касб кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

22

19

2

1

62-11

59

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

13

4

5

38-16

43

3

“Равшан” (Кӯлоб)

22

11

8

3

33-17

41

4

КМВА (Душанбе)

22

11

6

5

36-21

39

5

«Вахш» (Бохтар)

22

11

2

9

25-21

35

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

22

10

5

7

34-34

35

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

9

6

7

21-15

33

8

«Ҳосилот» (Фархор)

22

5

9

8

26-25

24

9

«Барқчӣ» (Ҳисор)

22

5

5

12

21-42

20

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

22

4

5

13

17-32

17

11

«Панҷшер» (Балхӣ)

22

4

4

14

16-41

16

12

«Кӯктош» (Кӯктош)

22

1

2

19

8-63

5

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо 16 имтиё ҷойи 11-умро гирифт, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар Лигаи олӣ талош кард. Рақибаш дар бозиҳои гузаришӣ дастаи “Парвоз”-и Хуҷанд буд, ки дар мусобиқоти имсолаи Лигаи якум бо 60 имтиёз мақоми дуюмро касб намуд.

Бозии ҷавобии гузаришӣ, ки дар варзишгоҳи “Вахш-Арена”-и шаҳри Бохтар сурат гирифт, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи “Панҷшер” анҷом ёфт. Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфта буд. Бо ин пирӯзӣ дастаи “Панҷшер” дар Лигаи олӣ боқӣ монд, аммо “Парвоз” мавсими оянда ҳунарнамоиро боз дар Лигаи якум идома медиҳад.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар мусобиқоти имсолаи Лигаи олӣ бо 5 имтиёз дар байни 12 даста ҷойи охиринро гирифт, соли оянда дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозӣ хоҳад кард.

“ҲУЛБУК” ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМИ ТОҶИКИСТОН ШГУД

Дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқоти Лигаи якуми футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2024 гардид. «Ҳулбук» дар 24 бозии мусобиқоти имсола 62 имтиёз ба даст оварда, бо бартарии ду имтиёз бар таъқибкунандаи наздиктарин - тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд - ғолиби мусобиқот шуд.

“Ҳулбук” бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз мегардад. Бояд гуфт, ки бошгоҳи “Ҳулбук” дар сурати гузаштан аз марҳилаи литсензиякунонии дастаҳо дар мавсими соли оянда дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ба дастаи “Парвоз” медалҳои нуқра супурда мешавад. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон гардид.

ТАРҲИ НАҚШАИ МУСОБИҚОТИ СОЛИ 2025

Дар ҷаласаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тарҳи нақшаи мусобиқоти соли оянда баррасӣ шуд. Оғози мавсими навбатии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 7-уми марти соли 2025 дар назар аст.

Мисли имсол қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дастае, ки дар соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар мусобиқот ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Инчунин Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ санаи бозиро барои Суперҷом ё Ҷоми олии кишвар дар соли 2025 пешниҳод кард. Бозӣ 25-уми май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни қаҳрамони феълӣ – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор мешавад.

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бошад, ҳамчун макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 пешниҳод шудааст.