Ҷиҳодиёни тоҷик дар Сурия. Аз ДОИШ то "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"

Ҷиҳодиён шаҳри Ҳаморо ишғол карданд

Ҷанг дар шимолу ғарби Сурия, 3 ҳазор километр дур аз Душанбе, дубора баҳси ҳузури ҷангҷӯёни тоҷикро дар кишварҳои хориҷӣ доғ кард.

Дар охири моҳи ноябр гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”, ки аз ҷониби Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон шудааст, ғайриинтизор шаҳри Ҳалабро ғасб кард ва дар як ҳафта то шаҳри Ҳамои Сурия расид. Сипас Ҳумсу Димишқро гирифт.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, дар қатори ҷангҷӯёни уйғуру узбекистонию қафқозӣ тоҷикон низ дида мешаванд, ки зидди нерӯҳои ҳукумати Башор Асад меҷанганд. Як ҷангҷӯи мусаллаҳ дар наворе иддао мекунад, ки дар Сурия ҷавонони зиёди тоҷик меҷанганд. Радиои Озодӣ собит кард, ки ин навор воқеан дар Сурия сабт шудааст.

374 шаҳрванди Тоҷикистон дар Идлиб

Як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки навори ҳузури тоҷикон дар ҷанги Сурия “нигаронкунанда аст”. Ӯ афзуд, ин нишон медиҳад, ки ҷангҷӯён як таҳдиди воқеӣ ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

“Барои ҳукумат маълум буд, ки ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ҳастанд. Ин наворҳо бозгӯи он аст, ки онҳо метавонанд амниятро дар кишвар низ халалдор кунанд”, -гуфт ӯ.

“Ҳайат Таҳрир аш-Шом” як гурӯҳи мусаллаҳ аст, ки беш аз 30 ҳазор ҷангҷӯро муттаҳид кардааст. Дар сафи ин гурӯҳ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ки асосан суннимазҳаб ҳастанд, ҳузур доранд.

Теъдоди дақиқи ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ, ки ҳоло дар Сурия меҷанганд, маълум нест.

Як мақоми огоҳ дар ВКД-и Тоҷикистон, ки дар самти мубориза бо терроризм кор мекунад, рӯзи 3-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи иттилои онҳо 374 шаҳрванди Тоҷикистон дар Идлиб қарор доштанд. Ӯ гуфт, ҳоло ситоди мубориза бо терроризм, ки намояндагони чанд ниҳоди қудратиро муттаҳид мекунад, ин мавзуъро ҷиддӣ гирифтааст ва ҳузури тоҷиконро таҳқиқ дорад.

Илдиб шаҳрест дар шимолу ҷануби Сурия дар 25-километрии марзи Туркия, ки аз соли 2015 онро гурӯҳҳои суннии мухолифи Башор Асад ва гурӯҳҳои ифротӣ дар ихтиёр доранд.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз ВКД, ки бо далели надоштани ҳаққи суҳбат бо матбуот нахост номаш нашр шавад, гуфт: “Маълумоте, ки мо дорем, ин аст, ки аз соли 2017 то соли 2022 дар Идлиб 374 шаҳрванди мо қарор доштанд. Дар байнашон занону кӯдакон низ ҳастанд. Баъзеи онҳо баъди шикаст хӯрдани гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” гурехта дар Идлиб пинҳон шудаанд, баъзеи дигар аз роҳи Туркия рост ба он ҷо рафтаанд.”

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, аз соли 2023 ба ин тараф далелҳои нави ҳамроҳшавии дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гурӯҳҳои тундрав дар Илдибро дар ихтиёр надоранд. Туркия масири асосии пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия буд. Шаҳрвандони Тоҷикистон то моҳи апрели имсол бе раводид имкони сафар ба Туркияро доштанд.

КИБ, "Ҷабҳат ан Нусра”, “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”...

Ҷангҷӯёни узбекистонӣ ва ҳам узбектаборони Тоҷикистон солҳои ахир дар Сурия як бахши аслии гурӯҳи “Катибат ал-Имом ал-Бухорӣ” (КИБ)-ро ташкил медоданд, ки соли 2018 аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Милали Муттаҳид террористӣ эълон шуда буд. Дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА дар соли 2018 гуфта мешавад, ки КИБ "бузургтарин нерӯи ҷангии Узбекистон дар Сурия аст". Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки КИБ “дар ҷангҳо дар шимолу ғарби Сурия нақши муҳим дорад ва дар канори "Ҷабҳат ан Нусра” меҷанганд. Ҷабҳат ан Нусра, як бахши Ал Қоида буд, ки баъдан аз ин гурӯҳ ҷудо ва ба “Ҳайъат Таҳрир аш-Шом” табдили ном кард.

Роҳи ҷангҷӯёни тоҷику узбек ба Сурия аз соли 2014 барои пайвастан ба ДОИШ боз шуда буд. Бар асоси гузоришҳои расмӣ беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла занону кӯдакон ба Сурия ва Ироқ рафта буданд. ДОИШ дар Сурия ва Ироқ шикаст хурд ва аксари ҷангҷӯёнашон кушта ё боздошт шуданд. Гуфта мешавад, ки бархе ҳам ба ҲТШ дар Идлиб пайвастаанд. Ҳарчанд ҳоло ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки ДОИШиёни собиқ ба ҲТШ пайваста бошанд.

Як ҷангҷӯи тоҷик дар наворе мегӯяд, ки ӯ бо бародараш аз Русия ба Молдова ва аз он ҷо ба Туркия рафта, баъдан, ба гуфтаи худаш, ба саффи муҷоҳидон дар Идлиб пайвастааст. Аксар ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи “Ҳайъат Таҳрир аш Шом” ақидаи шабеҳи ҷангҷӯёни ДОИШ доранд. Танҳо ба фарқ аз ДОИШ онҳо иддаои сохтани “Хилофат”-и худхонда надоранд ва танҳо бо ҳукумати Башор Асад, ки аз ҷониби Эрон ва Русия пуштибонӣ мешавад, ҷанг мекунанд.

Бар асоси охирин омор кишварҳои Осиёи Марказӣ 2177 шаҳрванди худро аз Ироқу Сурия пас овардаанд. Аксари онҳо занону кӯдаконе буданд, ки дар паноҳгоҳҳо ё зиндонҳо нигаҳдорӣ мешуданд. Қазоқистон - 754, Узбекистон - 531, Қирғизистон - 511 ва Тоҷикистон - 381 шаҳрванди худро ба ватан пасгардондаанд.

Тоҷикони бозмонда дар қаламравҳои собиқи ДОИШ

Ҳанӯз ҳам дар паноҳгоҳе дар Сурия, ки зери назорати курдҳо аст, занону кӯдакони тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Мақомоти курд чанд занро бо гумони талоши фирор ба Идлиб боздошт карда буданд.

Сурия пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 2011 чанд порча шудааст. Димишқ, пойтахти Сурия ва вилоятҳои атрофи он аз ҷониби Башор Асад, президенти ин кишвар идора мешавад. Бархе аз қисматҳои дигари ин кишварро гурӯҳҳои курд, ки бо кумаки Амрико зидди ДОИШ ҷанг карда буданд, дар ихтиёр доранд. Қисмати дигарро ошӯбгароне, ки аз ҷониби Туркия пуштибонӣ мешаванд. Ҳоло, дар минтақае, ки ҷанг авҷ гирифтааст, яъне Идлибу Ҳалаб - амалан зери назорати “Ҳайъат Таҳрир аш-Шом” аст. Ин гурӯҳ зери шиори мубориза бо шиаҳо бо ҳукумати Башор Асад ҷанг мекунад

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ақибнишинии нерӯҳои Асад. Шӯришиён Ҳаморо "гирифтаанд"Шӯрои Амният: Таниш миёни Амрико ва Русия бар сари СурияПутину Эрдуғон вазъи Сурияро баррасӣ кардаандСокини Ҳалаб: "Вазъ душвор, шароит риққатбор аст"