Ҳушдори Трамп ба кишварҳои узви BRICS дар бораи ҳазфи доллар

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, агар кишварҳои гурӯҳи BRICS талош кунанд, ки ба ҷойи доллар пули дигареро ҷойгузин намоянд, ба молу колои онҳо таърифа (тариф, тарофа)-ҳои тиҷоратии 100-дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард.

Трамп рӯзи 30-юми ноябр дар саҳифаи иҷтимоии худ бо номи Truth хитоб ба ин гурӯҳ, ки шомили Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин, Африқои Ҷанубӣ ва чанд кишвари дигар аст, навишт, "ин кишварҳо бояд ваъда диҳанд, ки на пули наве барои BRICS таъсис медиҳанд ва на аз пули дигаре барои ҷойгузини доллари тавонманди Амрико ҳимоят мекунанд. Дар ғайри он сурат, бо таърифаҳои 100-дарсадӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд ва бояд бо бозори фавқулодаи Амрико худоҳофизӣ кунанд".

Пас аз нишасти BRICS, ки моҳи гузашта дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуд, Русия бо нашри баёнияе тақвияти "шабакаҳои бонкии коргузории даруни BRICS ва осон кардани пардохтҳои маҳаллӣ"-ро ташвиқ кард.

Дар поёни ин нишаст, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба хабарнигорон гуфт, ки пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар робита ба роҳандозии як системаи паёмрасони молии ҷойгузини SWIFT (Ҷомеаи ҷаҳонии иртибототи молии байнибонкӣ) ҳосил нашудааст.

Ӯ афзуд, "дар ҳоли ҳозир, масъалаи эҷоди пули ягона барои BRICS дар дастури кор нест".

Бо ин вуҷуд, Доналд Трамп ҳушдор дод, ки агар кишварҳои узви BRICS ба барномаҳои худ идома диҳанд, "бояд интизории онро дошта бошанд, ки фурсати фурӯш дар иқтисоди фавқулодаи Амрикоро аз даст бидиҳанд".

Гурӯҳи BRICS аз замони таъсиси худ дар соли 2009 густариш ёфта ва акнун кишварҳое монанди Эрон, Миср ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ узви он ҳастанд.

Доналд Трамп рузи чаҳоршанбе низ таҳдид карда буд, ки дар нахустин рӯзи вурудаш ба Кохи Сафед таърифаҳои вазнин алайҳи воридот аз се кишвар -- Мексика, Канада ва Чин ҷорӣ хоҳад кард. Ин кишварҳо се таъминкунандаи аслии молу коло ба Амрико ба шумор мераванд.

Дар пайи ин изҳорот, шоми ҷумъа Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада дар сафаре ногаҳонӣ ба Флорида, бо Доналд Трамп мулоқот кард.

Доналд Трамп ин мулоқотро "бисёр созанда" хонд ва навишт, ки гуфтугӯҳои онҳо дар бораи масъалаҳои вобаста ба марзҳо ва мавзуъҳои дигаре ба монанди тиҷорат, энержӣ ва Қутби Шимол будааст.

Ба гуфтаи ӯ, Ҷастин Трюдо барои поён додан ба "вайронии ваҳшатноки хонаводаҳои амрикоӣ" аз бӯҳрони Fentanyl (як навъ маводи қавӣ, ки барои беҳушӣ истифода мешавад ва танҳо дар озмоишгоҳ тавлид мешавад) ва маводи мухаддир, ки сарчашмаи он муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст, ваъдаи ҳамкорӣ дод.

Ҷастин Трюдо низ дар шабакаи Х навишт, "бо шавқ мунтазири корҳое ҳастам, ки метавонем бо ҳам анҷом диҳем".