Фишору маҳдудиятҳои рӯзафзун дар Русия теъдоди ҳарчи бештари муҳоҷирони тоҷикро дар ҷустуҷӯи кишварҳои нав барои кору зиндагӣ андохтааст. Радиои Озодӣ ба таври муназзам дар бораи имкони кор дар мамолики Аврупову Осиё ва тақозо барои довталабони кор дар ин кишварҳо гузоришҳо нашр кардааст. Ҳамчунон ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва сафоратҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ҳам дар ин бора матолиби зиёде ба табъ расондаанд. Аммо бисёре аз хоҳишмандони муҳоҷират бо истифода аз роҳҳои шубҳабарангез ва ваъдаҳои афроди номаълум дар пайи дарёфти раводид ва ё визаи сафар шуда, дар ниҳоят ҳам аз пули худ маҳрум шудаанду корашон низ пешрафте накардааст.
Дар нашри навбатии барномаи Рӯзгор муҳоҷир имрӯз атрофи ҳамин мавзӯъ сӯҳбат хоҳем кард.
Аслиддин Каримов - сокини 35-солаи шаҳри Роғун бо ихтисоси таъминоти барқ беш аз як сол мешавад ҳамроҳи бародар ва писари холааш сарсону ҳайронанд. Барои онҳо дар соҳаи сохтмони Олмон кор ваъда доданд, вале онҳо на визаро дарёфт кардаанд ва на пулашонро бозпас гирифта метавонанд.
Абдулло Забиров, сокини ноҳияи Кушониён – қаҳрамони дигари мо аст. Ӯ аз соли 2016 дар Русия муҳоҷир аст. Ба ӯ ваъдаи кор дар яке аз фермаҳои Англияро додаанд. Гуфтаанд, дар байни дувуним моҳ соҳиби виза ва ҷойи кор мешавад. Вале беш аз як сол аст мунтазир мондааст.
Ҷузъиёти саргузаштҳои ин ва дигар қаҳрамонҳои барномаи «Рӯзгори муҳоҷир»-ро дар нашри навбатии барнома тамошо кунед.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
“Ду ҳафтаи аввал гурусна будам.” Рӯзгори як духтари тоҷик дар ОлмонДархости тоҷики асирафтода ва муҳоҷири маҳбус аз Эмомалӣ Раҳмон (Рӯзгори муҳоҷир #30)"Аз Русия дилсард шуда, ба Аврупо рафтам." Рӯзгори муҳоҷир"Се тоҷикро дар Харков дафн кардем." Рӯзгори муҳоҷир