Гела Шекиладзе: "Вазифаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст"

Мавсими имсолаи футбол барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ду бозии дӯстона муқобили тимҳои миллии Непал ва Афғонистон ба поён расид.

Натиҷаҳои бозиҳои дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон муқобили дастаҳои мунтахаби Непал (4:0) ва Афгонистон (3:1), ки дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дар моҳи ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд, ба болоравии мавқеи даста дар радабандии нави FIFA мусоидат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи FIFA бо 1196,98 имтиёз дар ҷойгоҳи 105-ум қарор дорад. Феҳристи навбатии FIFA 28-уми ноябр нашр хоҳад шуд.

Гела Шекиладзе, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, ки бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Непал ва Афғонистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2027 буд, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад.

Вай афзуд, "дар марҳилаи интихобӣ рақибони мунтахаби мо тақрибан дастаҳои ҳамин сатҳ хоҳанд буд. Бозиҳо осон намешаванд. Вазифаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст. Бинобар ин, мо барои расидан ба мақсади худ тамоми қувваю маҳоратамонро сафарбар мекунем.”

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақибони тими миллии кишвар дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2027 рӯзи 9-уми декабр дар маросими қуръакашӣ муайян хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки зери роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” бо касби ҳашт имтиёз ҷойи сеюмро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми мусобиқот ва роҳхати мустақим ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гашт.

Ҳамакнун тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти соли оянда оғоз меёбад, иштирок хоҳад кард.

БОЗИҲОИ ДӮСТОНА

ТОҶИКИСТОН - НЕПАЛ – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 19 (1:0). Алишер Ҷалилов, 29 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 44 (3:0). Алишер Ҷалилов, 49 (4:0).

Аз пеналти тӯбро ба нишон нарасонд: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон), 29 – дарвозабон тӯбро баргардонд.

Тоҷикистон: Олег Баклов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷурабоев, Аҳтам Назаров (Рустам Соиров, 58), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев (Алишер Шукуров, 65), Шервонӣ Мабатшоев, Парвизҷон Умарбоев (Табрез Исломов, 58), Эҳсони Панҷшанбе (Далер Шарипов, 65), Алишер Ҷалилов (Манучеҳр Ҷалилов, 58), Шаҳром Самиев (Шуҳрат Элмуродов, 58).

13-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6350 тамошобин.

ТОҶИКИСТОН - АФҒОНИСТОН – 3:1

Голҳо: Амирбек Ҷурабоев, 11 (1:0). Шаҳром Самиев, 27 (2:0). Ҷамшед Асекзай, 37 (2:1). Рустам Соиров, 70 (3:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов (Содиқҷон Қурбонов, 83), Зоир Ҷурабоев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Парвизҷон Умарбоев (Рустам Соиров, 24), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Муҳриддин Ҳасанов, 42), Шервонӣ Мабатшоев (Ҳамадонӣ Камолов, 83), Шаҳром Самиев (Нуриддин Ҳамроқулов, 83).

Аз майдон хориҷ шуд: Рустам Ятимов (Тоҷикистон), 39 – барои рафтори хашмгин.

19-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 12 350 тамошобин.