Рӯи раиси Комиссияи интихоботии Гурҷистонро "сиёҳ карданд"

Давид Киртазде, аз Ҳизби мухолифи Ҳаракати ваҳдати миллӣ бар рӯи Георгий Каландаришвилӣ ранги сиёх пошид.

Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 26-уми октябрро тасдиқ кард.

Бар асоси натиҷаҳо, ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷиҳо” бо касби 54 дар сади раъйи мардум 89 курсии порлумонро ба даст овард, ки бештар аз нисфи курсиҳои порлумон аст. Порлумони Гурҷистон 150 курсӣ дорад. Ҷунбишу созмонҳои мухолифи давлат дар умум 61 курсиро соҳиб шудаанд.

Ҳангоми ҷаласаи комиссияи интихоботӣ байни Георгий Каландаришвилӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва Давид Киртазде, аз Ҳизби мухолифи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ҷанҷол бархост ва сиёсатмадори мухолиф бар рӯи раиси комиссия ранги сиёҳ пошид.

Аҳзоби мухолиф иддао доранд, ки интихоботи порлумонӣ олуда ба тақаллуб будааст ва тарафдорони онҳо рӯзи 16-уми ноябр бо баргузории тазоҳурот талаб доштанд, ки ин корзори сиёсӣ аз нав баргузор шавад. Ҷомеаи байналмилал ҳам аз Гурҷистон хостааст, иддаоҳо дар бораи тақаллуб дар интихоботро одилона таҳқиқ кунад.