Хост донишгоҳи Хуҷандро бо Душанбе иваз кунад, вале ба доми дӯсти қаллобаш афтод

Никита Ефременков мегӯяд, аз дасти як дӯсташ фиреб хӯрда ҳазорҳо сомонӣ пулашро аз даст додааст

Як ҷавони сокини Душанбе мегӯяд, бо умеди осон кардани кораш фиреб хӯрд ва ҳам мавриди қаллобии як шиносаш қарор гирифт. Ҳамакнун, ӯ бо талоши ходимоҳи ҳифзи қонун талош дорад ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Моҷаро аз он ҷо шурӯъ шуд, ки Никита Ефременко хост барои идомаи таҳсилаш дар яке аз донишгоҳҳои пойтахт аз кӯмаки як ҳамхонаву дӯсташ истифода кунад. Ҳодиса се моҳ пеш рух додааст.

Никита мегӯяд: “Ман қаблан дар Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, дар риштаи меъморӣ мехондам. Баъдан хостам дар Душанбе идомаи таҳсил карда, касбамро ҳам иваз кунам. То ҷое медонам, дипломи Донишгоҳи тоҷикиву славянӣ дар Русия ҳам эътибор дорад, аз ин лиҳоз, ин донишгоҳро интихоб кардам. Ин дӯстам, ки ҳамроҳ як хонаро иҷора мегирифтем, гуфт, дар ин донишгоҳ шинос дорад ва метавонад кӯмак кунад».

Никита мегӯяд, барои ӯ имкони бо роҳи осон буд шудани кораш хуш ома два пешниҳоди дӯсташро қабул кард. Бо талаби дӯсташ ба ҳисоби бонкии ӯ 30 ҳазор сомонӣ маблағ фиристод.

Донишгоҳи славянии русию тоҷикӣ

Никита мегӯяд, «мехостам вақтро аз даст надиҳам ва оҷилан аз Хуҷанд ба Душанбе омада таҳсиламро давом диҳам. Вай ба ман гуфт, ки декан шиносаш аст. Чанд маротиба гӯширо ба касе дода, мегуфт декан аст ва ман гӯё бо декан суҳбат мекардам. Ҳоло мефаҳмам, ки дурӯғ мегуфт. Шахсан бо ягон устод ҳам вонахӯрдам. Гуфт ба таври фаврӣ ин корро буд мекунад. Қисми аввали пулро барои фарқияти риштаи таҳсил гирифт. Ман дар инҷо мехостам соҳаи педагогика омӯзам. Баъди гирифтани қисми дигари маблағ, вай гум шуд».

Ба гуфтаи Никита, ҳоло нисбати Б.Э. - ҳамхонаи ӯ парванда боз шуда, тафтиши парвандаи қаллобӣ идома дорад. Талошҳои мо барои пайдо кардани Э. то нашри матлаб бенатиҷа буд. Мақомот ҳам дар ин бора шарҳе надоданд.

Никита, ки ҳоло дар Тоҷикистон дур аз падару модар зиндагӣ мекунад, аз он ки ба рафиқаш бовар кардааст, пушаймон аст. Вай чандон дарк намекунад, ки худ ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Як ҳуқуқшиноси ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, дар ҳодисаи мазкур ба чанд хато роҳ дода шудааст. Хусрав Зикруллоев гуфт: «Вақте, ки ба як шахс пул доданӣ мешавем ё ин ки ягон муносибат байни ин ду шахс мешавад, аниқ кардан даркор, ки ин шахс чикора аст. Ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда, масалан шартнома бошад. Дар бисёр ҳолатҳое, ки дучор мешавем, пул гирифтан ба ягон донишгоҳ ё ваъдаи кор аст, омилҳои фасод аст. Аз як ҷиҳат ба доми қаллоб афтоданаш, боз ӯ ба фасод рӯ меорад, ки ин ҷиноят аст. Бояд ҳар шахс инро донад».

Абдувосит Шодиниё

Маркази милли тестӣ мегӯяд, довталабон набояд ба миёнаравҳо бовар накунанд ва бояд бидонанд, ки гузаштан аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар ройгон ё бепул аст. Абдувосит Шодиниё, муовини раиси Маркази миллии тестӣ гуфт:

«Воқеан, ҳамасола новобаста ба корҳои иттилоърасониву таблиғотие, ки марказ анҷом медиҳад, ҳолатҳое низ мушоҳида мегарданд, ки баъзе аз довталабон ва ё падару модари онҳо ба ашхоси нопок ё ба истилоҳ қаллоб бовар карда, бо онҳо дар раванди имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилӣ ҳамкорӣ мекунанд ё амалҳои дигареро анҷом медиҳанд, ки ин ба марказ ҳеҷ гуна алоқамандие надорад. Новобаста аз ин, марказ ҳамасола таъкидҳое мекунад, ки ҳеҷ нафаре набояд ба суханони ашхоси нопок, ки ҳадафашон ба даст овардани музди довталаб аст, бовар накунанд».

Гузариш аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар расман ройгон аст. Вале ихтисоси довталаб дар донишгоҳе, ки таҳсилро идома додан мехоҳад, бояд мутобиқат кунад ва барои ин ризоияти роҳбарони донишгоҳҳо низ лозим будааст.