Ин бозии гурӯҳи «J» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 20-солаи Тоҷикистону Гуам рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр дар варзишгоҳи Бишани Сингапур доир гардид. Футболбозони навраси тоҷик дар нимаи аввали дидор 17 гол ва дар нимаи дуюм 16 гол ба самар расонданд.
Гуам ҷазира дар қисми ғарбии Уқёнуси Ором аст, ки мақоми як қаламрави муташаккили Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад, аҳолиаш беш аз 170 ҳазор аст. Гуам дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) дар байни 210 тими миллӣ дар ҷойгоҳи 204-ум қарор дорад. Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 2000-ум дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2002 дастаи мунтахаби Гуамро бо ҳисоби 19:0 шикаст дода буд.
Бозии дигари гурӯҳи «J» байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 20-солаи Умон ва Сингапур 23-юми октябр соати 17:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 боз бо тимҳои Сингапур (25-уми октябр) ва Умон (27-уми октябр) рақобат мекунанд.
Бар асоси натиҷагирии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»), Анушервон Қурбонзода («Душанбе»), Саидҷон Шарифзода («Шодмон»);
Ҳимоятгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Мубориз Мискиншоев (ҳама аз «Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Абдусамад Меликмуродов (ҳама аз «Душанбе»);
Нимҳимоятгарон: Умед Ҷафоев (ССКА, Русия), Парвиз Бобоназаров, Меҳрубон Одилзода, Рамазон Бахталиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳайдаршо Худойдодов, Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода (ҳама аз «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир»);
Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Равшан»), Асадбек Махтумов, Назрулло Ашурализода (ҳарду аз «Душанбе»).
Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17):
Гурӯҳи «J»
Даври якум
23-юми октябр | чоршанбе
Тоҷикистон – Гуам – 33:0
17:00 – Умон - Сингапур
Даври дуюм
25-уми октябр | ҷумъа
14:00 – Гуам - Умон
17:00 – Сингапур - Тоҷикистон
Даври сеюм
27-уми октябр | якшанбе
14:00 – Тоҷикистон - Умон
17:00 – Сингапур - Гуам
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.