СММ: 350 сол лозим аст, ки иқтисоди Ғазза ба вазъи пеш аз ҷанг бозгардад

Ғазза, моҳи майи соли 2024

Бар пояи гузорише, ки аз сӯйи Конфронси тиҷорат ва рушди Созмони Милали Муттаҳид нашр шуд, агар ҷанги Ғазза ҳамин ҳоло поён ёбад, "ҳудуди 350 сол" зарур аст, то иқтисоди вайроншуда ва азбайнрафтаи Навори Ғазза ба ҳолати пеш аз 7-уми октябри соли 2023 бозгардад.

Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 тани дигарро ҳам гаравгон гирифт. Дар пайи он Исроил ба Ғазза юриш бурд ва давоми беш аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои онро комилан аз байн бурд. Ин ҷанг, ки то кунун идома дорад, боис ба ҳалокати беш 42 ҳазор фаластинӣ шудааст, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Тибқи гузориши Конфронси тиҷорат ва рушди Созмони Милал, ҷанг вайрониҳои бузург дар маҳалҳо, зерсохтҳо ва иқтисоди Ғазза ба бор овардааст. Пеш аз оғози ҳаргуна бозсозӣ, бояд минтақаҳои зиёде аз вайронаҳо, ҷасадҳои зери овор ва муҳимоти ҷангии нотаркида, поксозӣ шавад.

Ин гузориш меафзояд, ки ҳатто агар оташбас барқарор шавад ва вазъият ба ҳолати қабл аз октябри соли 2023 бозгардад, ин вазъият Ғаззаро дар масири беҳбуд ва рушди пойдор қарор нахоҳад дод. Тибқи ин гузориш, барои бозсозии Ғазза даҳҳо миллиард доллар лозим аст.

Созмони Милали Муттаҳид таъкид мекунад, ки агар раванди рушди иқтисодӣ байни солҳои 2007 то 2022 бо нархи 0,4 дарсад дар назар гирифта шавад, 350 сол лозим аст, то Ғазза ба сатҳи тавлиди нохолиси соли 2022 бирасад.

Пеш аз ин ҷанг, иқтисоди Ғазза таҳри фишори муҳосирае буд, ки аз сӯйи Исроил ва Миср аз замони ба қудрат расидани гурӯҳи "Ҳамос" дар соли 2007 роҳандозӣ шуда буд.