Поёни машқҳои нерӯҳои СПАД дар "Ҳарбмайдон"-и Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 21-уми октябр дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, начандон дур аз марзи Афғонистон, машқҳои низомии нерӯҳои СПАД ё Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо номи “Рубеж-2024”, ба анҷом расид.

Ба иттилои Дафтари матбуоти ин созмон, дар ин машқҳо ҳудуди 1500 нафар ширкат намудаанд, ки бахши аъзами он ба пойгоҳи низомии 201-и Русия рост меояд.

Ривояти тамринҳо, аз чумла чунин будааст, ки гӯё душмани шартӣ сарҳади давлатиро аз чанд самт убур намуда, аҳолии осоиштаро гаравгон мегирад. Барои озодсозии минтақаи аҳолинишин, қушунҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сафарбар шуда, минтақаро муҳосира, гаравгонҳоро озод ва "душман"-ро маҳв карданд.

Бо қарори фармондеҳии Қушунҳои зудамали дастаҷамъӣ дар минтақи Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз пешрафти "душманон", силоҳҳои ҳамлаовар ва неруҳои ҳавоӣ истифода карда шуданд ва ин имкон дод, ки "душман"-и шартӣ боздошта шавад ва нерӯҳои зудамалӣ дастаҷамъӣ хатти мудофиавиро ишғол кунанд.

Ба иттилои манбаъ, Андрей Сердюков, сардори Ситоди муштараки СПАД дар анҷоми ин машқҳои низомӣ гуфтааст, вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчунон мураккаб аст ва фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ ба он таъсир мерасонад.

Вале ҷузёъи бештар дода нашудааст ва маълум нест, ки манзур аз созмонҳои террористӣ кадом гурӯҳҳо ҳастанд.

СПАД як созмони зери нуфузи Маскав аст, ки Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд.

Машқҳои муштараки низомӣ бо ширкати Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон гузаштааст.