Сармураббиёни "Истиқлол" ва "Ал-Ваҳдат" ба пирӯзӣ умед доранд 

"Istiqlol", Tajik football command

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври сеюми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Ал-Ваҳдат»-и шаҳри Уммони Урдун рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи “С”  22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Дар арафаи ин бозӣ шоми душанбеи 21-уми октябр дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ нишасти хабарӣ доир гардид.

Игор Черевченко, сармураббии дастаи “Истиқлол”, гуфт, “бозии сахт мешавад. «Ал-Ваҳдат» пешсафи гурӯҳ аст. Мо бояд ғалаба кунем, то ин ки шонси ба даври баъдии Лигаи қаҳрамонҳои АФК роҳ ёфтанро нигоҳ дорем. Бинобар ин, тамоми корҳоро анҷом медиҳем, ки фардо ба натиҷаи мусбат ноил шавем ва мухлисонамонро шод намоем.”

Дар ин нишаст Рафъат Алӣ Аҳмад Ҷаббор, сармураббии тими “Ал-Ваҳдат”, чунин гуфт, ки ҳарду тимро рақобати сангин дар пеш аст. “Умедворам бурд насиби мо мегардад. Мо ба ин бозӣ омодаем ва ҳадафамон ба даст овардани се имтиёз аст. Рақиби мо - дастаи «Истиқлол» - тими қавӣ мебошад ва мисли мо кӯшиш менамояд, ки рақобатро бо пирӯзӣ анҷом диҳад. Фардо мебинем, ки чӣ хоҳад шуд”, - иброз дошт сармураббии “Ал-Ваҳдат”.

Бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Ваҳдат”-ро гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ доварӣ мекунанд. Сардовар Муҳанад Қосим Саррай, кӯмакдоварон Воҳид Убайд Ал-Сваедӣ, Аҳмад Сабоҳ Ал-Бағдодӣ, довари чаҳорум Аҳмад Кадҳим Гатеа (ҳама аз Ироқ) мебошанд. Нозири доварон – Солеҳ Муҳаммад Ал-Марзуқӣ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва комиссари бозӣ Муҳаммад Саид Ал-Насрӣ аз Сурия таъйин шудаанд.

Нархи билети ин бозӣ барои минбари марказӣ 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи билет 20 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши билети VIP бошад, 200 сомонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда буд. «Ал-Ваҳдат» бошад, дар бозии даври аввали гурӯҳи «С» дар майдони худ тими «Сипоҳон»-и Эронро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

“Истиқлол” дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон аз тими «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд. Бозии дигари даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои “Шарҷа” ва “Ал-Ваҳдат” бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаҳои “Ал-Ваҳдат” ва “Шарҷа” бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шудаанд. “Сипоҳон” бо се имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Дар бозии дигари даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” 22-юми октябр “Шарҷа” дар майдони худ бо “Сипоҳон” бозӣ мекунад. Ин бозӣ ҳам соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Ал-Ваҳдат”

2

1

1

0

4-3

4

2

“Шарҷа”

2

1

1

0

3-2

4

3

“Сипоҳон”

2

1

0

1

5-2

3

4

“Истиқлол”

2

0

0

2

0-5

0

Даври сеюм

22-юми октябр (сешанбе)

19:00 -– “Истиқлол” - “Ал-Ваҳдат”

19:00 – “Шарҷа” – “Сипоҳон”