Ҷамшед Ниёзов, ронандаи яке аз ширкати таксиронӣ ҳангоми танбашавии зиёди мошинҳо гоҳе наметавонад фармоиши муштариёнро иҷро кунад. Ӯ, ки дар берун аз Тоҷикистон ҳам ба ҳайси ронандаи таксӣ кор карддаст, мегӯяд, сабаби аслии чунин вазъ афзоиши шумори мошинҳо дар кӯчаҳои пойтахт аст.
Ӯ рӯзи 17-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мошин зиёд шудааст, вале роҳҳо танганд. Рости гап, пеш саҳару бегоҳ “пробка” мешуд, ҳозир қариб аз саҳар то бегоҳ “пробка” аст. Боз саҳар ва бегоҳ вазнинтар мешавад”.
Бегоҳии 17-уми октябр дар қисме аз роҳи мошингарди хиёбони ба номи Саъдии Шерозии Душанбе ҳаракати мошинҳо ҳар замон қатъ мешуду садои сигнали онҳо баландтар меомад. Дар ин хиёбон ҳамарӯза чунин саҳнаро дидан мумкин аст. Ҳар субҳ ва шом мошинҳои зиёде инҷо паси ҳам танба мешаванд. Ронандаҳо асабонӣ ва мусофирони хашмгин гоҳе соатҳо дар миёнаи роҳ дармемонанд. Дар бархе роҳҳои дигари Душанбе ҳам айни ҳолро метавон дид.
“Танбашавӣ аз ҳисоби таксиҳои ғайрирасмии рақамҳои 3 ва 8 мешавад. Дар ҳар куҷое, ки хостанд меистанд. Аз сеюм хати роҳ ба дуввум ё якбора ба якум мегузаранд. Онҳо моро бисёр ғам медиҳанд”, - гуфт роннадаи як автобус Тоҷиддин Шодизода.
Саломатшоҳ Ниёзов, ронандаи дигари автобус ба Радиои Озодӣ гуфт, дар танбашавии воситаҳои нақлиёт ҳамеша ронандаҳои таксӣ ва автобусҳо ҳамдигарро гунҳакор мекунанд.
“Лекин вақте таксиҳо дар истгоҳ меистанд, то онҳо ҳаракат накунанд, мо баромода наметавонем. Дар чунин ҳол мусофирон ҳар гап гуфтан мегиранд, лекин мо тоқат мекунем”, - афзуд Саломатшоҳ Ниёзов.
Ронандаҳои таксиҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, онҳо дар истгоҳҳо намеистанд, зеро медонанд, ки ҷарима мешаванд. Бархе тасдиқ карданд, дар истгоҳҳо низ меистанд, то замоне, ки нозири роҳ ба онҳо ҳушдор надиҳад. Чашмпӯшии бархе нозирони роҳ ба беэътиноии ронандагон ба қоидаҳои ҳаракат, ришваситонӣ, кофӣ набудани таваққуфгоҳҳо аз сабабҳои дигари танбашавии мошинҳо хонда мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Роҳҳои баста, фарёду ҳаёҳуи ронандагони мошинҳо ба ҳамдигар зиндагии мардуми Душанберо ҳам мушкил кардааст.
“Танбашавии мошинҳо зиёд аст, рафтану омадан мушкил. Хайр, чӣ кор мекунем, ин техника аст. Роҳ боз бошад, хуб аст. Яке беморхона меравад, бемор дорад. Ҳозир кӯдак ҳам, калон ҳам, муйсафед ҳам ҳуҷҷати ронандагӣ доранд ё надорад, сари чанбар мешинанд”, - гуфт Дониёр Ҳамзаев, як сокини шаҳри Душанбе.
Дар раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар нақлиёти Душанбе афзоиши мошинҳоро яке аз сабабҳои асосии танбашавӣ номиданд.
Ҷумъахон Давлатов, муовини сардори ин ниҳод рӯзи 18-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар таъмир қарор доштани баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душнбе, ки воситаҳои нақлиёти он кӯчаҳо ба ҳамшафати дигар кӯчаҳо гузаронида шудаанд, аз омилҳои дигари танбашавист”.
Ба қавли вай, аз навоҳии тобеи марказ бо мошинҳои шахсӣ ворид шудани афроде, ки дар пойтахт кор мекунад, ба танбашавии мошинҳо боис шудааст. Мусоҳиби мо бунёди метро ва роҳҳои дутабақа ё эстакадаро аз роҳҳои ҳалли мушкилот ва осон шудани ҳаракат дар Душанбе меҳисобад - дар шаҳре, ки чанд роҳи дутабақа сохта шуд ва таъмиру бозсозии роҳҳову васеъ кардани онҳо идома дорад.
Дар Душанбе, ки бештар аз як миллион аҳолӣ дорад, фақат 4 ҳазору 350 таксӣ кор мекунад, ҳисоби мошинҳои хусусӣ номаълум аст. Рӯзона ҳазорон мошини дигар аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳам меоянду мераванд. Бо назардошти афзоиши мошинҳо ва ҷамъияти пойтахт эҳтимол аст, ки мушкили танбашавии мошинҳо дар ояндаи наздик ҳал шавад ва сокинон ҳам ба ғайр аз таҳаммули ин вазъ илоҷе надоранд. Мақомот мегӯянд, шояд то як ё ду соли оянда аҳвол беҳтар шавад.