Бо ҷойнамози худ ба намози ҷумъа. Чаро дар Тоҷикистон чунин аст?

Ҷойнамоз зери бағал роҳ ба сӯи масҷид. Ин саҳнаи маъмулиест, ки ҳар рӯзи ҷумъа дар давру бари масҷидҳои Тоҷикистон ба назар мерасад.

Саҳнае, ки дар кишварҳои дигари мусалмонӣ камтар мушоҳида мешавад. Радиои Озодӣ далели инро ибтидо аз худи намозгузорон пурсон шуд.

Ду ҷавон дар назди масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 18 октябр далели бо ҷойнамоз омаданашонро ба Радиои Озодӣ ин гуна шарҳ доданд:

- Ин ҷо ҷой танг будааст. Мо дар ин сохтмони наздикии масҷид кор мекунем. Наздик гуфта, ба ин масҷид омадем, ки ҷояш камтар танг будааст.

Ин намозгузор гуфт, агар «масҷиди марказӣ равем, бо худ ҷойнамоз намебарем, чунки он ҷо ҷой бисёр, озод намоз мехонем».

Намозгузори дигар дар ҳамин масҷид гуфт, ки “ҷой намерасад, барои ҳамин, ҷойнамоз гирифтем”.

Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадс мезананд, ки эҳтимол бо иллати пок набудани макони намозгузорӣ одамон бо худ ҷойнамоз мегиранд. Зеро аз нигоҳи ислом пок будани ҷои намоз фаризаи илоҳӣ дониста мешавад. Аммо намозгузори 65-70-солае дар назди масҷиди ноҳияи Шоҳмансур гуфт:

“Ҳамааш ҳаст, ҳама тоза аст, ҷойнамозро барои он бо худашон мегиранд, ки яке рафтаву ҷой нарасад, дар берун ё ягон ҷойи дигар паҳн карда намоз мехонанд, тамом, дигар ҳамааш ҳал аст”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро намозгузорони тоҷик бо ҷойнамоз масҷид мераванд, магар масҷид худаш пок нест?

Намояндагони чанде аз масҷидҳои пойтахт розӣ нашуданд, ки дар мавриди сабабҳои бо ҷойнамоз вориди масҷид шудани намозгузорон суҳбат кунанд. Аммо баъзе аз намозгузорон дар суҳбатҳои бидуни дурбин аз норасоии ҷой дар бештари масҷидҳо дар намозҳои ҷумъа ва идҳо нигаронӣ карданд. Мушкиле, ки кумитаи дин ҳам қисман онро мепазирад. Ин ниҳод дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки мушкили гунҷоиши намозгузорон зимни баргузории намозҳои ҷумъа дар аксар шаҳрҳои кишварҳои мусалмоннишин ба назар мерасад.

“Албатта чунин ҳолат дар баъзе аз масҷидҳои пойтахт низ дида мешавад. Аммо ба таври умум барои адои намозҳои панчвақта шумораи мавҷудаи масҷидҳо дар пойтахт ба пуррагӣ талаботи намозгузоронро қонеъ месозад”, - навиштааст дафтари матбуоти Кумитаи дин.

Ҳамчунин ин ниҳод сару садоҳо дар бораи иҷозаи ободонӣ надодани масҷидҳо аз сӯи давлатро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳоло масҷиди марказии Душанбе ва чанд масҷид дар минтақаҳо аз сӯи давлат тармим ва бозсозӣ мешаванд.

Зоҳиран мушкили камбуди ҷой дар масҷидҳои Душанбе ҷиддитар аз он чизест, ки намозгузорон мегӯянд. Мақомот барои рафъи ин мушкил ва пешгирӣ аз издиҳом ба 23 масҷиди панҷвақта ба таври истисно иҷозаи баргузории намозҳои ҷумъаро додаанд. Кумитаи дин ҳам мегӯяд, ки “издиҳом танҳо дар вақти баргузории намозҳои ҷумъа иттифоқ меуфтад. Азбаски аксари ташкилоту муассисаҳо дар қисмати марказии шаҳр ҷойгиранд, мардум барои намозгузорӣ масҷидҳои наздиктар ба марказро интихоб мекунанд”.

Аммо мушкили кам будани макони баргузории намоз дар таносуб бо шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон дар гузашта борҳо танқид шудааст. Аз ҷумла, дар як гузорише соли 2021 омадааст, ки “дар қонуни Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон дар адои ибодат маҳдудиятҳо пешбинӣ шудаанд: танҳо дар чаҳор макон ибодат кардан мумкин аст: дар масҷидҳо, дар қабристонҳо, дар хонаи ибодат ва дар зиёратгоҳҳо. Қонуни мазкур инчунин бақайдгирӣ, андоза ва макони ҷойгиршавии масҷидҳоро танзим мекунад ва шумораи масҷидҳо дар ҳар як маҳалла ё мавзеи аҳолинишин бояд маҳдуд бошад”.

Дар Тоҷикистон мақомот фаъолияти масҷиди ҷомеъеро барои намозҳои ҷумъа ва панҷвақт иҷоза медиҳанд, ки дар макони ҷойгиршавии он аҳолӣ аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар бошад. Ин меъёр барои масҷидҳои намози панҷвақта аз 100 то ҳазор нафар аст. Дар Душанбе меъёр барои масҷиди ҷомеъ дар ҳар маҳалла 30-50 ҳазор ва масҷиди намози панҷвақта аз ҳазор то панҷ ҳазор аҳолӣ аст. Қонун иҷозат медиҳад, ки дар як ноҳия ё шаҳр танҳо як масҷиди марказӣ барои адои намози ҷумъа бошад ва масҷидҳои дигар тобеи он бошанд.

Феълан дар шаҳри Душанбе 5 масҷиди ҷомеи марказӣ ва 26 масҷиди ҷомеъ фаъолият доранд. Ва дар саросари кишвар 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, як Маркази исломӣ ва се ҷамоатхона амал мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Муфтӣ зери назорати пизишкон ва посбонии мақомоти интизомӣ аст""Пешонии муфтӣ захмӣ шуд." Баъзе ҷузъиёти ҳамла ба АбдулқодирзодаДомоди президент бо миллионҳо доллар маҷмааи "махфӣ" месозадИмомхатиб озод шуд, парвандаи ду намозгузор ба додгоҳ рафтМулло Ҳайдар Шарифзода аз имомати Масҷиди ҷомеи Кӯлоб барканор шудБоздошти имомхатиби як масҷиди Суғд бо ду пайраваш