Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ иштироки 660 муштзани ҷавон аз 88 кишвар дар назар аст. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ варзишгар - Муинхуҷа Муъминов (-48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (-51 кг), Анӯшервон Фозилов (-54 кг), Шодмеҳр Давлатов (-57 кг), Дамир Мубайлихонов (-60 кг), Руслан Ғафуров (-63,5 кг), Муҳаммадсултон Султонов (-67 кг), Баҳромбек Ҳотамов (-71 кг), Зиёратшо Қосимов (-75 кг) – дохиланд.
Муштзанҳои ҷавони тоҷикро ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мураббиҳо Владимир Луйс, Эмомалӣ Малаев, Файзулло Алиев ва Носир Азимов омода мекунанд. Инчунин дар ин мусобиқа Акмалҷон Амирзода аз Тоҷикистон ба ҳайси довар ширкат меварзад.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 25-уми апрел то 7-уми майи соли равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, 7 медал (3 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Дар мусобиқаи наврасони то 18-сола Муинхоҷа Муъминов дар вазни то 48 кило ва Руслан Ғафуров дар вазни то 63,5 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Дамир Мубайлихонов дар вазни то 57 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар мусобиқаи ҷавонони то 22-сола Довуд Маҳкамов (-71 кг) медали нуқра, Хусравхон Раҳимов (-57 кг), Абубакр Муродзода (-60 кг), инчунин Фотима Бегмуродова (-54 кг) дар миёни духтарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.