Тайланд барандаи "Ҷоми шоҳ" шуд, Тоҷикистон бе ҷоиза монд

50-умин мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2024” бо пирӯзии тими миллии футболи Тайланд хотима ёфт. Мизбонон дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Сурияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, барандаи Ҷоми шоҳи Тайланд гардиданд.

Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тайланду Сурия 14-уми октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгхла доир шуд. Эканит Пания, бозигари мунтахаби Тайланд, дар дақиқаи 45-ум ҳисобро кушод. Суриягӣ Езегюил Ҳам дар дақиқаи 53-юм ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Чанатип Сонгкрасин, бозигари мизбонон, дар дақиқаи аввали замони ҷуброншуда (90+1) ба самар расонд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2024” барои ҷойи сеюм аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд, бе ҷоиза монд. Бозӣ 14-уми октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгхла доир гардид. Ҳарсе гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Голҳоро Геррит Ҳолтманн (дақиқаи 47-ум), Ҷефферсон Табинас (58) ва Зико Бейли (62) ба самар расонданд.

Зимнан, ду сол пеш мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии «King’s Cup 2022» ғолиб шуда буд, вале ин дафъа ҷойи охиринро гирифт. Ин нокомии тими миллӣ норозигии ҳаводорони футболи тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Бархе аз мухлисон истеъфои сармураббии даста Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷиро талаб доранд. Аммо сармураббӣ гуфтааст, ки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup-2024» дар Тайланд дар ҳайати асосӣ ширкат накард. Як қатор бозигарони калидии тими миллӣ бо сабабҳои гуногун дар ҳайати даста набуданд.

“Мо ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар як идда бозигарони ҷавонро ҷалб кардем, ки моҳи сентябри соли оянда дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои олимпии то 23-сола иштирок хоҳанд кард”, - иброз доштааст Шекиладзе.

Бояд гуфт, бозиҳои мусобиқаи байнулмилалии «King’s Cup-2024» дар Тайланд дар рӯзҳои ФИФА (Фелератсияи байнулмилалии футбол) баргузор шуданд, ки дар радабандии тимҳои миллӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, аммо Шекиладзе ба ин таваҷҷуҳ накард.

Ёдовар мешавем, бозии даври ниманиҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия 11-уми октябр бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Тӯбро Муҳаммад Усмон дар дақиқаи 35-ум зад.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи мизбон – Тайланд - тими миллии Филиппинро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда буд.

Дар 50-умин мусобиқаи «King’s Cup-2024» дар Тайланд ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар шомил буд, ки 13 нафарашон легионеранд ва дар бошгоҳҳои футболи Русия, Эрон, Узбекистон, Гурҷистон, Индонезия, Булғористон ва Қазоқистон бозӣ мекунанд.

Мусобиқаи байнулмилалии «King’s Cup 2024»:

Нимфинал

11-уми октябр (ҷумъа)

Сурия Тоҷикистон – 1:0

Гол: Муҳаммад Усмон, 35

Тоҷикистон: Олег Баклов, Зоир Ҷурабоев, Раҳматшо Раҳматзода, Манучеҳр Сафаров, Фахриддин Аҳтамов (Меҳрубон Каримов, 85), Ислом Зоиров (Муродалӣ Ҳақназаров, 46), Фатҳулло Олимзода (Абубакр Сулаймонов, 58), Нуриддин Ҳамроқулов (Хусрав Тоиров, 68), Далер Шарипов (Азизбек Далиев, 68), Парвизҷон Умарбоев, Шаҳром Самиев (Салоҳиддин Эргашев, 85).

11-уми октябр. Сонгхла, Тайланд. Варзишгоҳи Тинсуланонда, 13 588 тамошобин.

Тайланд – Филиппин – 3:1

14-уми октябр (душанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Тоҷикистон – Филиппин – 0:3

Голҳо: Геррит Ҳолтманн, 47 (0:1), Ҷефферсон Табинас, 58 (0:2), Зико Бейли, 62 (0:3

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷурабоев, Меҳрубон Каримов, Манучеҳр Сафаров, Фахриддин Аҳтамов, Муродалӣ Ҳақназаров, Алишер Шукуров (Ислом Зоиров, 68), Фатҳулло Олимзода (Нуриддин Ҳамроқулов, 28, Салоҳиддин Эргашев, 75), Азизбек Далиев (Хусрав Тоиров, 75), Парвизҷон Умарбоев (Далер Шарипов, 68), Шаҳром Самиев.

14-уми октябр. Сонгхла, Тайланд. Варзишгоҳи Тинсуланонда, 9664 тамошобин.

Финал

Тайланд - Сурия – 2:1

Голҳо: Эканит Пания, 45 (1:0), Езегюил Ҳам, 53 (1:1), Чанатип Сонгкрасин, 90+1 (2:1).

14-уми октябр, Сонгхла, Тайланд. Варзишгоҳи Тинсуланонда.