Чор сарбози исроилӣ дар ҳамлаи "Ҳизбуллоҳ" кушта шудаанд

Артиши Исроил субҳи душанбеи 14-уми октябр эълон кард, ки чор тан аз сарбозонаш бар асари ҳамлаи паҳбод ё дронҳо ба як пойгоҳи низомӣ дар атрофи шаҳри Беняминия дар шимоли ин кишвар кушта шуданд.

Тибқи гузоришҳо аз 50 то 70 нафар дар ин ҳамла захмӣ шуданд. Сухангӯи артиши Исроил аз таҳқиқот дар бораи бархӯрди паҳбод ба ин пойгоҳ хабар дод.

Бинобар эъломи артиши Исроил, 51 сарбоз захмӣ шудаанд, ки ҷароҳатҳои ҳафт тан аз онҳо шадид аст. Чанд соат пеш аз ин, Хадамоти фаврии Исроил аз захмӣ шудани 68 нафар дар пайи ҳамли паҳбодҳо аз Лубнон ба шаҳри Беняминия хабар дод ва гуфт, ки ҳоли чаҳор тан аз захмиҳо вазнин аст.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон бо нашри баёнияе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт ва эълон кард, ки бо паҳбод ба пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Ҳайфа ҳамла кардааст.

"Ҳизбуллоҳ" аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад ва Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо шохаи низомии онро ба руйхати сиёҳ ворид кардааст.

Ин гурӯҳ таҳдид кардааст, ки агар Исроил ба ҳамлаҳояш ба Лубнон идома диҳад, зарбаҳои бештарро дар хоки Исроил анҷом хоҳад дод.

Артиши Исроил ҳанӯз ҷузъиёти ҳамлаи паҳбодӣ ба ин пойгоҳи низомиро ироа накардааст. Бо ин ҳол, ба гузориши расонаҳои исроилӣ, таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ду паҳбоди "Ҳизбуллоҳ" аз баҳр вориди ҳарими ҳавоии Исроил шуданд ва яке аз онҳо дар соҳилҳои шимоли Ҳайфа сарнагун шуд.

Бинобар ин гузоришҳо, пас аз гум шудани паҳбоди дувум аз радар, тахмин зада шуд, ки ин паҳбод сарнагун шудааст.

Ҳоло артиши Исроил мегӯяд, баррасӣ хоҳад шуд, ки чигуна як паҳбод тавонистааст бидуни ба садо даромадани занги хатар ва ҳушдор рахна кунад ва як пойгоҳро ҳадаф қарор диҳад.

Як сухангӯи артиши Исроил гуфт, "мо ин ҳодисаро баррасӣ мекунем, аз он дарс мегирем ва амалкарди худро беҳтар мекунем".

Расонаҳои исроилӣ паҳбоди истифодашуда дар ин ҳамларо аз навъи "Мирсод", сохташуда аз рӯи паҳбоди эронии "Абобил" ва паҳбоди аслии интиҳории "Ҳизбуллоҳ" муаррифӣ кардаанд.

Бинобар эъломи артиши Исроил, "Ҳизбуллоҳ" рӯзи якшанбе дар умум беш аз 115 дафъа ба минтақаҳои гуногуни ин кишвар мушак партоб кардааст.

Як рӯз пештар низ паҳбоди "Ҳизбуллоҳ" ба як хонаи пиронсолон дар маркази Исроил бархӯрд, аммо касе осеб надид.

Ин ҳамла дар ҳоле анҷом шуд, ки ҷангҳо миёни артиши Исроил ва неруҳои "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон идома дорад. Артиши Исроил 1-уми октябр аз оғози “амалиёти маҳдуди заминӣ” дар ҷануби Лубнон ва дар минтақаҳои зери идораи “Ҳизбуллоҳ” хабар дод.

Исроил дар як моҳи ахир ба неруҳои "Ҳизбуллоҳ" зарбаҳои сангине ворид кард. Роҳбарони аршади ин гуруҳи ҷангҷӯ, аз ҷумла Ҳасан Насруллоҳ дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шуданд. Ба ҷуз ин дар пайи таркиши пейҷер ё дастгоҳҳои алоқа, садҳо аъзои “Ҳизбуллоҳ” захмӣ шуданд. Аммо сарфи назар аз ин, ҳамлаҳои мушакии "Ҳизбуллоҳ" ба Исроил ҳамчунон идома доранд.