Се медали паҳлавонони тоҷик дар "Abu Dhabi Grand Slam 2024"

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони номдори тоҷик.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 11-13-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абузабӣ – баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Медали нуқраро Абубакр Шеров гирифт. Вай дар вазни то 73 кило баъди чаҳор пирӯзӣ ба рақибонаш аз Молдова, Гурҷистон, Русия ва Ҷопон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал Татсуки Ишиҳараи ҷопониро шикаст дод ва ба финал баромад.

Аммо Шерови 21-сола дар даври ниҳоӣ аз ҳарифи пуртаҷрибаи 25-солаи худ Маҳмадбек Маҳмадбеков, намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, мағлуб шуд. Дарвоқеъ, Маҳмадбеков, ки зодаи шаҳри Иркутски Русия мебошад, ахири моҳи августи имсол тасмим гирифт минбаъд аз номи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2024” Обид Ҷебов барандаи медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ба рақибаш аз Филиппин голиб омад, вале дар чорякфинал аз Мурод Чопанови русиягӣ шикаст хӯрд.

Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Тео Радул Ҳебрарди фаронсавиро мағлуб кард. Ҷебови 26-сола барои медали биринҷӣ Эрхембаяр Баттогтохи 29-солаи муғулро шикаст дод.

Дар рӯзи охирини мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2024” Ҷаҳонгир Маҷидов ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз як медали биринҷӣ овард. Ӯ дар вазни то 100 кило дар даври аввал ба рақибаш Эрназар Сарсенбоев аз Узбекистон дастболо шуд, дар чорякфинал Рис Томсонро аз Британияи Кабир шикаст дод. Вале Ҷаҳонгир дар даври ниманиҳоӣ аз Мишел Коррели ҳолландӣ, ки дар ин вазн ғолиб шуд, шикаст хӯрд. Паҳлавони 24-солаи тоҷик барои медали биринҷӣ Симеон Катаринаи 26-солаи ҳолландиро мағлуб кард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд. Ду нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кило – дар даври аввал ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар ин мусобиқа, ки бори нӯҳум бо мақоми "Grand Slam" ё "Тоскулоҳи бузург" баргузор шуд, 219 варзишгар (150 мард ва 69 зан) аз 29 кишвари чаҳор қитъаи олам иштирок карданд. Рақобатҳои инфиродӣ дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифт.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Нидерланд ё Ҳолланд бо ду медали тилло, се нуқра ва се биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Фаронса бо ду медали тилло, се нуқра ва ду биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мунтахаби Олмон бо ду медали тилло зинаи сеюмро азони худ кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ зинаи ҳафтумро ишғол намуд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра 3000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим гардид.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо шуданд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз гирифтанд.