Комроншоҳи Устопириён расман ба "карйера"-аш хотима дод

Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, ҷудокори маъруфи тоҷик корномаи варзишиашро ба анҷом расонд. Рӯзи 5-уми октябр дар ҷараёни мусобиқаи қаҳрамонии ҷудо миёни наврасон дар Душанбе, ба Устопириён ҷомаи фахрӣ пӯшонданд. Варзишгар дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, минбаъд ҳамчун мураббии ҷудо кор мекунад.

Комроншоҳи Устопириён 31-сол дошта, барандаи даҳҳо медал аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аст. Аз ҷумла ин варзишгар аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони ҷудои мардони Осиё аз Тоҷикистон аст. Комроншоҳи Устопириён ҳамчунин аз чандин сабқатҳои “Гран-при” ва “Гранд слам”-ҳо ба Тоҷикистон медал овардааст. Комроншоҳи Устопириён се маротиба дар бозиҳои олимпӣ аз намуди ҷудо иштирок карда, аммо натавонист медал ба даст орад.

Ду соли ахир муваффақиятҳои Устопириён камтар буд ва бархеҳо ӯро барои ин танқид мекарданд.

Комроншоҳи Устопириён асосан ҳамроҳи падар ва бародараш дар “Толори варзишии Устопириён” дар вилояти Суғд тамрин мекунад.