Рӯзи сукут дар остонаи референдуми ҷанҷолбарангези Қазоқистон

Остона

5 октябр – як  рӯз пеш аз ҳамапурсии ҷанҷолбарангезе дар  Қазоқистон, ки бояд назари мардумро дар бораи сохтмони истгоҳи барқии ҳастаӣ маълум кунад, дар ин кишвар рӯзи сукут эълон шудааст.

Маъракаи таблиғотӣ як моҳ давом кард ва як рӯз пеш аз овоздиҳӣ касе ҳақ надорад барои тарафдорӣ ё мухолифати ин тарҳ садо баланд кунад. Қарор аст фардо, 6 октябр дар кишвар беш аз 10 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ боз шавад ва иловатан 74 нуқтаи дигар дар намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон амал мекунанд.

Ба навиштаи Бахши Қазоқии Радиои Озодӣ, дар варақаи овоздиҳӣ фақат як савол ҷой дода шудааст: “Шумо бо сохтмони истгоҳи барқии атомӣ розӣ ҳастед?”. Шаҳрвандон бояд аз ду савол якеро интихоб кунанд: “ҳа” ё “не”. Дар ин варақаи раъйдиҳӣ барои сокинон имкони интихоби ширкати сохтмонии истгоҳ фароҳам нашудааст, аз ин рӯ, маълум нест, дар сурати посухи мусбати сокинон ба сохтмони он, кадом ширкати хориҷӣ аз паи бунёди он мешавад.

Ҳукумат аз ин пеш гуфт, ки барои сохтмони истгоҳ Русия, Чин, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

Дар овоздиҳӣ 12 ҳазору 233 ҳазор сокини Қазоқистон ҳақ доранд иштирок кунанд. Дар сурати ба овоздиҳӣ омадани 50% раъйдиҳандагон, овоздиҳӣ баргузоршуда эълон мешавад.

Ин овоздиҳӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки бисёр сокинон, фаъолони ҷамъятию сиёсӣ мухолифи сохтмони ин истгоҳ садо баланд карданд, вале мақомот бархеро ҳабс ва дигарҳоро фишор оварданд, ки пеши роҳи нақшаҳои ҳукуматро нагиранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қазоқистон дар раъйпурсӣ барои нерӯгоҳи ҳастаӣ 15,5 млрд танга харҷ мекунадҚазоқистон ба раъйпурсӣ барои бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ омода мешавад