Кӯмаки САҲА ба шӯъбаи мубориза бо хушунати оилавии ВКД Тоҷикистон

Аз байн - Эми Севимли, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ дар маросими тақдими технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти идоравӣ. Душанбе, 4 октябр.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба як воҳиди  милитсия оид ба масоили гендерии Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон таҷҳизоти фанниву иттилоотӣ тақдим кард.

Ба иттилои ин созмони байналмилалӣ, таҷҳизоте, ки 4 октябр дар маросиме дар Душанбе тақдим шуд, барои пешгирӣ ва мубориза бо хушунати хонаводагӣ мусоидат мекунад.

Ба иттилои ин манбаъ, дар воҳидҳои масоили гендерӣ ё баробарии ҷинсии ВКД Тоҷикистон, махсус бо қонуншиканиҳои вобаста ба зӯроварӣ дар оила кор мекунанд.

Ин кор мутобиқ ба ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбати занон ва оила ба роҳ монда шудааст.

Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад, вале бино ба аксе, ки дар сомонаи САҲА чоп шудааст, маросим бо иштироки Эми Севимли, намояндаи дафтари САҲА дар Душанбе ва Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ баргузор шуд.

САҲА бо ВКД Тоҷикистон дар самти ислоҳоти сохторҳои милитсия кор мекунад.