Паҳлавонони тоҷик дар се рӯзи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ду медал гирифтанд

Лоиқ Қутбиддинов барандаи медали нуқра шуд

Варзишгарони тоҷик дар се рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни навҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 67 кишвар иштирок доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 варзишгар (17 писару 7 духтар) дохиланд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 2-юми октябр -Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кило медали нуқра гирифт. Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 3-юми октябр - Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқот – 4-уми октябр - Суннатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода – ҳарду дар вазни то 81 кило мақоми панҷумро касб карданд.

Дар байни духтарон Мадина Қурбонзода натиҷаи хубтар нишон дод. Вай дар рӯзи аввали мусобиқот дар вазни то 52 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Ба ин тартиб, дар се рӯзи мусобиқот писарон дар панҷ вазн (-60, -66, -73, -81, -90 кг) ва духтарон низ дар панҷ вазн (-48, -52, -57, -63, -70 кг) рақобат карданд. Аз 19 намояндаи Тоҷикистон (14 писару 5 духтар) ду нафар – Лоиқ Қутбиддинов ва Муҳиддин Асадуллоев - медал гирифтанд.

Дар рӯзи охирини рақобатҳои инфиродӣ - 5-уми октябр - боз панҷ нафар аз Тоҷикистон – чаҳор писару як духтар ба рақобат мепардозанд. Парвиз Абдураҳмонов ва Муҳсин Маллаев - ҳарду дар вазни то 100 кило, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопириён – ҳарду дар вазни беш аз 100 кило ва миёни духтарон Виктория Киселёва дар вазни беш аз 78 кило ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Чин бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 нуқра) дар ҷойи дуюм қарор дорад. Мунтахаби Фаронса бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ) зинаи сеюмро соҳиб шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ, инчунин ду мақоми панҷум ва як мақоми ҳафтум) зинаи ҳафтумро ишғол кардааст.

Дар се рӯзи рақобатҳо варзишгарони 16 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони панҷ кишвар – Ҷопон бо шаш медали тилло, Чин, Фаронса, Австрия ва Гурҷистон бо яктоӣ нишони тилло мукофотонида шудаанд.

Дар ин мусобиқот русиягиҳо дар ҳайати дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) иштирок доранд ва онҳо то ҳоло се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) гирифтаанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ - барои ҷойи якум 2500 евро, барои ҷойи дуюм 1500 евро ва барои ҷойи сеюм 850 евро - сарфароз мегарданд.

Рӯзи якшанбеи 6-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни дастаҳои омехтаи навҷавонон баргузор мешавад, ки 181 варзишгар (91 писар ва 90 духтар) аз 15 кишвари се қора номнавис шудаанд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи даставии омехта иштирок менамояд. Ба ҳайати даста 10 нафар (6 писару 4 духтар) шомиланд.

Ғолибону ҷоизадорони се рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонон-2024 дар Душанбе:

ДУХТАРОН

Вазни -48 кг

1.Хинран Ҳуи (Чин)

2.Сачийо Ёшино (Ҷопон)

3.Кларисе Рибейро (Бразилия)

3.Кристина Дудина (IJF)

Вазни -52 кг

1.Ол Ироҳа (Ҷопон)

2. Сенҷу Ношо (Ҷопон)

3. Мио Ҳуҳ (Кореяи Ҷанубӣ)

3. Алюссия Поуланге (Фаронса)

Вазни -57 кг

1.Рико Ҳонда (Ҷопон)
2.Ююнг Тао (Чин)
3.Бианса Рейс (Бразилия)
3.Каролина Сиенника (Полша)

Вазни -63 кг

1.Мелкиа Аучекорне (Фаронса)

2.Руссо Савита (Италия)

3.Анна Скалса (Чехия)

3.Со Моричика (Ҷопон)

Вазни -70 кг

1.Елена Денгг (Австрия)

2.Април Лун Фоҳоюо (Швейтсария)

3.Каҷа Счустер (Словения)

3.Тайла Грауер (Олмон)

ҶАВОНМАРДОН

Вазни -60 кг

1.Ямато Фукуда (Ҷопон)

2.Лоиқ Қутбиддинов ( Тоҷикистон)

3.Талгат Орюнбассар (Қазоқистон)

3.Муродил Муродиллоев (Узбекистон)

Вазни -66 кг

1.Фукучи Шунтаро (Ҷопон)

2.Кентоку Кайри (Ҷопон)

3.Алессио Де Лука (Италия)

3.Герман Кобетс (IJF)

Вазни -73 кг

1.Кеито Киҳара (Ҷопон)

2.Юсуке Такеичи (Ҷопон)

3.Мардон Равшанов (Узбекистон)

3.Муҳиддин Асадуллоев (Тоҷикистон)

Вазни -81 кг

1.Лука Ҷавахишвили (Гурҷистон)

2.Ҷиангнан Ванг (Чин)

3.Сулаймон Шукуров (Озарбойҷон)

3.Азат Кумисбай (Қазоқистон)

Вазни -90 кг

1.Комеи Кавабата (Ҷопон)

2.Егор Малкин (IJF)

3.Алишер Саманов (Узбекистон)

3.Вадим Жимбовски (Молдова)