Қоҳир Расулзода аз поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нигаронӣ кард

Акс аз khovar.tj

Нахуствазир Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки 4-уми октябр бо иштироки Марат Ҳуснуллин, муовини сарвазири Русия дар Душанбе ҷараён гирифт, аз поймолашвии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хоки ин кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Суханҳои Расулзодаро, ки баъди чандин моҳи азияту фишорҳои шаҳрвадони Тоҷикистон бори аввал дар як ҷаласае бо ширкати яке раҳбарони ҳукумати Русия садо медиҳанд, шоми 4 октябр хабаргузориҳои расмии ин кишвар нашр кардаанд. Ба навиштаи ТАСС ва РИА Новости, нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст:

“Моро равандаи ҳамаҷонибаи поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони мо ба ҳангоми баргузории маъракаҳои вобаста ба танзими муҳоҷират дар ташвиш гузоштааст. Ҳодисаҳои ба кишвар роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаи васеву номушаххаси таъмини амният азфоиш меёбанд”, гуфтааст Расулзода.

ТАСС менависад, ӯ дар идома гуфтааст, ки дар сарҳад ба ҳангоми ворид шудан ба Русия шаҳвандони Тоҷикистонро соатҳои дароз ва ҳатто чандин рӯз нигоҳ медоранд. Дар миёни ин нафарон, ба гуфтаи сарвазири Тоҷикистон, ҳам аъзои ҳайатҳои расмӣ, ҳам донишҷӯён, ҳам одамони пиронсолу кӯдакон ҳастанд. Айни замон, гуфтааст Расулзода, кордеҳон дар Русия ба нирӯи корӣ аз Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ниёз доранд. Ӯ гуфтааст, як ҳайати калоне аз Тотористон ҳам ахиран бо ҳамин ҳадаф ба Душанбе сафар кардааст.

“Дар бахши ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират бояд ба тадбирҳои воқеан ҳам корсоз рӯ овард, то ки ҳамдигарфаҳмии миёни мардумони дӯсти мо тақвият ёфта ба иқтисоди кишварҳои мо фоида оваранд”, гуфтааст сарвазири Тоҷикистон.

Ин нуктаи сӯҳбатҳои Расулзодаро расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон нашр накардаанд.

Ҳуснуллин: “Дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд”

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, дар посух Ҳуснуллин аз амалкарди сохторҳои давлативу қудратии Русия ҳимоят кардааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст: “Бояд як чизро аниқ дарк кард, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд. Яъне мо ба тартиб медарорем, мо бо захираҳои корӣ кор мекунем, ба мо захираҳои корӣ заруранд, вале онҳо комилан қонунӣ хоҳад буд”.

Акс аз khovar.t

Ҳуснуллин гуфтааст, ки аз рӯи ин масъала бояд як гурӯҳи ҷудогонаи корӣ таъсис ва “тамоми амалҳои мо, ки ба таъмини амнияти ду кишвар вобаста аст, навишта мешавад, то ки мо дарк кунем, ки киҳо ва чӣ гуна меоянд, то ки мо ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунем”.

Муовини сарвазири Русия гуфтааст: “Дар мо қонунҳои Федератсияи Русия ҷиддан тағйир меёбад, аз ин рӯ бояд кори калони фаҳмондадиҳӣ, корҳои ташкилӣ барпо кардан лозим аст, то ки мо кореро, ки дар оянда анҷом медиҳем, дуруст дарк кунем”.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар моҳи марти имсол ва кушта шудани 144 нафару ҷароҳати садҳо тани дигар, мақомоти Русия гуфтанд, аксар гумонбарони ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Вале бадрафториву шиканҷаи ошкору бераҳмонаи боздоштшудаҳо ва пӯшидаву ношаффоф барпо шудани тафтишот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар миёни бисёр дигар нозирон ва ба вижа ҳомиёни ҳуқуқ, шубҳаҳои зиёдеро дар дурустии иттиҳом эҷод кардааст.

Дар паи ин, дар Русия маъракаи азими азияту фишори муҳоҷирон, бахусус аз Тоҷикистон, қарорҳои баҳсбарангези ихроҷу ҳабс ва берункунӣ авҷ гирифт. Дар миёни даҳҳо ҳазор ихроҷу рондашудаҳо шумори онҳое ҳам хеле зиёд аст, ки дар Русия қонунӣ кору зиндагӣ мекарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша барои мавқеи заифаш дар ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия интиқод мешавад, чун вобастаи иқтисод ва бозори кори ин кишвар шудааст. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҳам ҳаҷми тиҷорати ду кишвар аз 1,2 миллиард ё 14,3% бештар назар ба соли гузашта афзудааст.

Айни замон, дар паи азияту фишори шаҳрвандон дар Русия, вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 15% камтар шаҳрвандон ба Русия барои кор рафтаанд.

Коршиносон ва мунаққидон мегӯянд, муҳоҷиронро Маскав ҳамеша чун аҳроми фишор болои Душанбе истифода хоҳад кард, аз ин рӯ мақомот дар Тоҷикистон бо назардошти имкониятҳои маҳдуди фароҳам кардани бозори кор барои шаҳрвандон, бояд аз муддатҳо пеш дар фикри таҳияи шароити кор дар кишварҳои хориҷии дигар мешуданд. Русия феълан барои бисёр оилаҳо дар Тоҷикистон ҳамоно самти асосии кору муҳоҷират боқӣ мемонад, ҳарчанд маҳбубияти пешинаро аз даст додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Мегӯянд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст каш, ба шартномаи ҷанг имзо кун""32 касро бо худ бурданд." Шикояти муҳоҷирон аз тарзи бархӯрди ОМОНЯк минтақаи Русия додани патентро ба муҳоҷирон бас кардНавбат ба фарзандони муҳоҷирон. Вакилони Дума чӣ талаб доранд?Забондонии кӯдакони муҳоҷиронро месанҷанд