Бразилия ва Аргентина дар финали қаҳрамонии футзали ҷаҳон

Акс аз бойгонӣ

Дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Аргентина ба даври ниҳоии қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки дар Узбекистон ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.

Ҳарду бозии даври ниманиҳоӣ рӯзҳои 2-3-юми октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид. Дар нимфинал Бразилия ба Украина ва Аргентина ба Фаронса бо ҳисоби якхелаи 3:2 пирӯз шуданд. Ҳамакнун дар даври ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 6-уми октябр Бразилия бо Аргентина рақобат мекунад. Пеш аз ин бозӣ дар Тошканд дастаҳои мунтахаби Украина ва Фаронса барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Узбекистон иштирок кард, дар ҳарсе бозиаш аз тимҳои миллии Марокаш бо ҳисоби 2:4, Португалия бо ҳисоби 2:3 ва Панама бо ҳисоби 3:8 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар плей-офф маҳрум шуд.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти даҳуми қаҳрамонии футзали ҷаҳон дар Узбекистон 24 дастаи мунтахаб иштирок дошт. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ - Парагвай, Нидерланд ё Ҳолланд (гурӯҳи “А”), Бразилия, Тайланд (гурӯҳи “В”), Аргентина, Украина, (гурӯҳи “С”), Испания, Қазоқистон (гурӯҳи “D”), Португалия, Марокаш (гурӯҳи “Е”), Эрон, Фаронса (гурӯҳи “F”) – ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Инчунин чаҳор дастаи нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои сеюм дар гурӯҳҳо - Коста-Рика, Хорватия, Афғонистон ва Венесуэла - ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Баъди натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ҳашт дастаи мунтахаб - Узбекистон, Куба, Ангола, Либиё, Зеландияи Нав, Панама, Тоҷикистонг ва Гватемала - мусобиқотро тарк намуданд.

Боз ҳашт дастаи дигар - Коста-Рика, Ҳолланд ё Нидерланд, Испания, Афғонистон, Эрон, Португалия, Тайланд ва Хорватия - пас аз натиҷагирии бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ аз ҳаққи ширкат дар чорякфинал маҳрум шуданд. Чаҳор дастаи мунтахаб – Марокаш, Венесуэла, Парагвай ва Қазоқистон – баъди даври чорякниҳоӣ аз мусобиқот хориҷ гаштанд.

Ҳамин тариқ, чаҳор дастаи мунтахаб – Бразилия, Аргентина, Украина ва Фаронса - муборизаро барои ҷоизаҳо идома медиҳанд.

Плей-офф

1/8 финал

24-уми сентябр

Бразилия – Коста-Рика – 5:0

Нидерланд – Украина – 1:3

25-уми сентябр

Испания – Венесуэла – 1:2

Парагвай – Афғонистон- 3:1

26-уми сентябр

Эрон – Марокаш – 3:4

Португалия – Қазоқистон – 1:2

27-уми сентябр

Тайланд – Фаронса – 2:5

Аргентина – Хорватия – 2:0

1/4 финал

29-уми сентябр

Бразилия — Марокаш – 3:1

Украина — Венесуэла – 9:4

30-юми сентябр

Фаронса — Парагвай – 2:1

Қазоқистон — Аргентина – 1:6

1/2 финал

2-юми октябр

Бразилия – Украина – 3:2

3-юми октябр

Фаронса – Аргентина – 2:3

Бозӣ барои ҷойи сеюм

6-уми октябр, Украина – Фаронса, 17:30 (Тошканд)

Финал

6-уми октябр, Бразилия – Аргентина, 20:00 (Тошканд)

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон сар аз соли 1989 бори даҳум баргузор шудааст. Чаҳор тими миллӣ – Бразилия 5 бор, Испания 2 бор, Аргентина ва Португалия якборӣ - ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд.

НАТОИҶИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҚАҲРАМОНИИ ФУТЗАЛИ ҶАҲОН (1989 – 2021)

2021: Португалия – Аргентина - 2:1 (мизбон: Литва)
2016: Аргентина - Русия - 5:4 (Колумбия)
2012: Бразилия - Испания - 3:2, замони изофа. (Тайланд)
2008: Бразилия - Испания - 2:2, пен. 4:3 (Бразилия)
2004: Испания – Италия - 2:1 (Тайбэйи Чин)
2000: Испания - Бразилия - 4:3 (Гватемала)
1996: Бразилия - Испания - 6:4 (Испания)
1992: Бразилия - ИМА - 4:1 (Ҳонконг)
1989: Бразилия – Нидерланд - 2:1 (Нидерланд)