Ду медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонони то 21-сола дар риштаи гуштии ҷудо, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни навҷавонон, ки 2-юми октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, то рӯзи 6-уми октябр идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқот беш аз 500 варзишгар аз 67 кишвар иштирок доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 варзишгар (17 писару 7 духтар) дохиланд. Дар рӯзи аввали мусобиқот миёни мардон аз байни шаш паҳлавони тоҷик Лоиқ Қутбиддинов маҳорати баланд нишон дода, баъди панҷ пирӯзӣ ба рақибонаш аз Туркманистон, Мексика, Муғулистон, Қазоқистон ва Узбекистон ба финал баромад. Вале ӯ дар даври ниҳоӣ аз Ямато Фукудаи ҷопонӣ шикаст хӯрд ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар рӯзи дуюми мусобиқот – сеюми октябр - дар вазни то 73 кило пас аз се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Русия, Полша (Лаҳистон) ва Италия ба нимфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз рақиби ҷопониаш Юсуке Такеичи мағлуб шуд. Баъдан Асадуллоев дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар паҳлавони русиягӣ Абубакар Юсупов ғолиб омад.

Дар ду рӯзи аввали мусобиқот писарон дар се вазн – 60, 66 ва 73 кило, духтарон бошанд, дар чаҳор вазн – 48, 52, 57 ва 63 кило рақобат карданд. Аз 14 намояндаи Тоҷикистон (9 писару 5 духтар) ду нафар – Лоиқ Қутбиддинов ва Муҳиддин Асадуллоев медал гирифтанд.

Дар рӯзҳои баъдии мусобиқот боз 10 нафар аз Тоҷикистон – 9 писару як духтар ба рақобат мепардозанд: байни писарон - Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусамир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Муҳсин Маллаев (-100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг), Фараҳманд Устопириён (+100 кг); миёни духтарон - Виктория Киселёва (+78 кг).

Баъди натиҷагирии ду рӯзи аввали мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медали тилло, 4 нишони нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Чин бо касби як медали тилло ва як нуқра дар ҷойи дуюм қарор дорад. Мунтахаби Фаронса бо касби як медали тилло зинаи сеюмро азони худ кардааст. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали нуқра, як нишони биринҷӣ ва як мақоми ҳафтум пас аз Италия зинаи панҷумро ишғол кадааст.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд: барои ҷойи якум 2500 евро, барои ҷойи дуюм 1500 евро ва барои ҷойи сеюм 850 евро.

Рӯзи 6-уми октябр дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни дастаҳои омехтаи навҷавонон баргузор мешавад, ки 181 варзишгар (91 писар ва 90 духтар) аз 15 кишвари се қора номнавис шудаанд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи даставии омехта иштирок менамояд. Ба ҳайати даста 10 нафар (6 писар ва 4 духтар) шомиланд.