"Сипоҳон" дар Исфаҳон "Истиқлол"-ро голборон кард

Акс аз сомонаи бошгоҳи "Истиқлол"

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 дар сафар аз тими «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 1-уми октябр дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон баргузор шуд.

Рақобат комилан бо бартарии мизбонон гузашт ва онҳо дар ҳар як қисми бозӣ дуголӣ заданд. Абубакар Камара дар дақиқаи 40-ум ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа Ҷавод Оғоипур ҳисобро афзун кард. Дар ибтидои нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 47-ум Ҷавод Оғоипур голи сеюмро ба самар расонд. Браян Дабо дар дақиқаи 76-ум ҳисобро 4:0 намуд.

Бозии дигари даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ба назари коршиносон, «Истиқлол» баъди истеъфои сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи сербиягӣ, ба бесарусомонӣ мувоҷеҳ шуд ва дар бозиҳои ахир ноком гардид.

“Истиқлол”-ро ба бозӣ муқобили “Сипоҳон” мутахассиси 49-солаи тоҷик Алишер Тухтаев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, омода кард.

Сармураббии “Сипоҳон” Жозе Мораиш, мутахассиси 59-солаи португалӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ҳадафи аслиашон дар ин бозӣ пирӯзист. Онҳо ба мақсади худ расиданд ва соҳиби се имтиёз шуданд.

“Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаҳои “Ал-Ваҳдат” ва “Шарҷа” бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шудаанд. “Сипоҳон” бо се имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол” бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст.

Даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “С” рӯзи сешанбеи 22-юми октябр баргузор мешавад. “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо “Ал-Ваҳдат” ва “Шарҷа” дар майдони худ бо “Сипоҳон” бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 19:00 шуруъ мешавад.