Шикасти "Истиқлол" аз "Регар" ва мусовии "Хуҷанд" бо "Равшан"

Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 бо иштироки чаҳор дастаи лигаи олӣ рӯзи 24-уми сентябр баргузор шуданд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро легионерҳои африқоии “Регар-ТадАЗ” Ҷозеф Феумба дар дақиқаи 26-ум ва Квадво Фримпонг дар дақиқаи 55-ум ба самар расонданд.

Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаи мизбон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Сергей Сканян, бозигари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 56-ум ҳисобро кушод. Баъди чаҳор дақиқа Амирҷон Сафаров ҳисобро баробар кард.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи бозиҳои дувуми даври ниманиҳоӣ байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” - «Истиқлол» ва “Равшан” - “Хуҷанд” ду тими иштироккунандаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 муайян хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2024

Марҳилаи ниманиҳоӣ

Бозиҳои аввал

«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 0:2

Голҳо: Ҷозеф Феумба, 26 (0:1). Квадво Фримпонг, 55 (0:2).

24-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

“Хуҷанд” – “Равшан” – 1:1

Голҳо: Сергей Сканян, 56 (1:0), Амирҷон Сафаров, 60 (1:1).

24-уми сентябр. Хуҷанд, варзишгоҳи “Спартак”

Бо қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан интихоб гардид.

Маблағи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 60 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар финал мағлубшуда 40 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Дастаи «Истиқлол», ки соли гузашта дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон тими «Равшан»-ро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 0:0, замони изофа – 1:1) шикаст дод, бори даҳум Ҷоми миллиро соҳиб шуд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 1-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир гардида буд.

Бояд гуфт, ки мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 33-юм сурат гирифтааст. «Истиқол» 14 маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, аз ҳама бештар - 10 бор- Ҷоми миллиро ба даст овардааст.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992-2023):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти 5:4

2023 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:1. Аз рӯи пеналти 4:2.