Тоҷикистон бозиро ба Португалия бохт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Узбекистон аз тими миллии Португалия, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” шаби панҷшанбеи 19-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»-и шаҳри Тошканд доир гардид. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи португалиҳо ба поён расид. Дар нимаи дуюми бозӣ футзалбозони тоҷик ду гол ва португалиҳо як гол заданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Алиев ва Бахтиёр Солиев ба самар расонданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Узбекистон аз тими миллии Марокаш, қаҳрамони секаратаи Африқо, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.

Бо вуҷуди ду бохти пайиҳам, мунтахаби Тоҷикистон имконияти аз гурӯҳ баромаданро аз даст надодааст. Барои ин ба футзалбозони тоҷик зарур аст дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бар тими Панама пирӯз шуда, дар байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо зинаи сеюмро касб мекунанд, ба нишондодҳои хубтар даст ёбанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 22-юми сентябр дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Панама, ки дар ҳарду бозиаш аз Португалия бо ҳисоби 1:10 ва Марокаш бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрдааст, рақобат мекунад. Бозӣ дар маҷмааи умумии варзишии шаҳри Бухоро соати 17:30 оғоз меёбад.

Пайрав Воҳидов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, бовар дорад, ки дастааш дар бозӣ муқобили Панама муваффақ шуда, ба ҳаштякфинали қаҳрамонии ҷаҳон мебарояд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024, ки дар Узбекистон то 6-уми октябр идома хоҳад кард, мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» шомил аст. Рақибони футзалбозони тоҷик тимҳои миллии Марокаш, Португалия ва Панама мебошанд.

Ба ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, мутахассиси тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳон-2024 чордаҳ нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигар - шомиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон-2024:

Дарвозабонҳо: 1. Нуриддин Ҷабборов (бе бошгоҳ), 2. Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»);

Бозигарон: 3. Абдуқаюм Умаров («Истиқлол»), 4. Насратшо Исмоилов («Истиқлол»), 5. Самандар Ризомов («Соро компания»), 6. Идрис Ёров («Соро компания»), 7. Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»), 8. Муҳаммадҷон Шарипов («Истиқлол»), 9. Файзалӣ Сардоров («Соро компания»), 10. Некрӯз Алимаҳмадов («Истиқлол»), 11. Комрон Алиев («Истиқлол»), 12. Умед Қузиев («Амонатбонк»), 13. Бахтиёр Солиев («Соро компания»), 14. Дилшод Саломов («Соро компания»).

Қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024:

Гурӯҳи «E»

Португалия

Панама

Тоҷикистон

Марокаш

Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон:

Даври якум

16-уми сентябр (душанбе)

Тоҷикистон – Марокаш – 2:4

Голҳои Тоҷикистон: Самандар Ризомов ва Файзалӣ Сардоров.

Тошканд, маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»

Даври дуюм

19-уми сентябр (панҷшанбе)

Португалия - Тоҷикистон – 3:2

Голҳои Тоҷикистон: Комрон Алиев, Бахтиёр Солиев.

Тошканд, маҷмааи варзишии «Ҳумо Арена»

Даври сеюм

22-юми сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 17:30

Панама - Тоҷикистон

Бухоро, маҷмааи умумии варзишӣ

9 ДАСТАИ ИШТИРОККУНАНДАИ 1/8 ФИНАЛ МАЪЛУМ ШУД

Дар мусобиқоти даҳуми қаҳрамонии футзали ҷаҳон дар Узбекистон 24 дастаи мунтахаб барои ҷоизаҳо мубориза мебарад.

Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд:

Гурӯҳи А: Узбекистон, Ҳолланд (Нидерланд), Парагвай, Коста-Рика;

Гурӯҳи В: Бразилия, Куба, Хорватия, Тайланд;

Гурӯҳи С: Аргентина, Украина, Афғонистон, Ангола;

Гурӯҳи D: Испания, Қазоқистон, Зеландияи Нав, Либиё;

Гурӯҳи E: Португалия, Панама, Тоҷикистон, Марокаш;

Гурӯҳи F: Эрон, Венесуэла, Гватемала, Фаронса

Ба плей-офф ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ роҳ меёбанд. Инчунин ба 1/8 финал чаҳор дастаи нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои сеюм дар гурӯҳҳо роҳ пайдо мекунанд. Марҳилаи гурӯҳӣ як ҳафта –то 22-юми сентябр - идома меёбад. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила ҳашт даста мусобиқотро тарк мекунад.

То ҳоло 9 дастаи мунтахаб – Парагвай (гурӯҳи А), Бразилия, Тайланд (гурӯҳи В), Аргентина (гурӯҳи С), Испания (гурӯҳи D), Португалия, Марокаш (гурӯҳи Е), Эрон, Фаронса (гурӯҳи F) - пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 24-ум то 27-уми сентябр, чорякфинал 29-ум ва 30-юми сентябр, даври ниманиҳоӣ 2-юм ва 3-юми октябр баргузор мешаванд. Бозии ниҳоӣ 6-уми октябр дар Тошканд доир мегардад.

Марҳилаи гурӯҳӣ: 14-22 сентябр

Гурӯҳи A

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Парагвай

2

2

0

0

9-3

6

2

Нидерланд

2

0

2

0

5-5

2

3

Коста-Рика

2

0

1

1

4-7

1

4

Узбекистон

2

0

1

1

4-7

1

14 сентябр

Парагвай – Коста-Рика – 5:2

Узбекистон – Нидерланд – 3:3

17 сентябр

Узбекистон – Парагвай – 1:4

Коста-Рика – Нидерланд – 2:2

20 сентябр

20:00 | Коста-Рика – Узбекистон

20:00 | Нидерланд – Парагвай

Гурӯҳи B

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Бразилия

2

2

0

0

18-1

6

2

Тайланд

2

2

0

0

12-6

6

3

Хорватия

2

0

0

2

2-10

0

4

Куба

2

0

0

2

5-20

0

14 сентябр

Хорватия – Тайланд – 1:2

Бразилия – Куба 10:0

17 сентябр

Тайланд – Куба – 10:5

Бразилия – Хорватия – 8:1

20 сентябр

17:30 | Тайланд – Бразилия

17:30 | Куба – Хорватия

Гурӯҳи C

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Аргентина

2

2

0

0

9-2

6

2

Афғонистон

2

1

0

1

7-6

3

3

Украина

2

1

0

1

8-9

3

4

Ангола

2

0

0

2

6-13

0

15 сентябр

Афғонистон – Ангола – 6:4

Аргентина – Украина – 7:1

18 сентябр

Ангола – Украина – 2:7

Аргентина – Афғонистон – 2:1

21 сентябр

20:00 | Ангола – Аргентина

20:00 | Украина – Афғонистон

Гурӯҳи D

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Испания

2

2

0

0

8-2

6

2

Қазоқистон

2

1

1

0

5-2

4

3

Либиё

2

1

0

1

4-5

3

4

Зеландияи Нав

2

0

0

2

2-10

0

15 сентябр

Зеландияи Нав – Либиё – 1:3

Испания – Қазоқистон – 1:1

18 сентябр

ЛибиёҚазоқистон – 1:4

Испания – Зеландияи Нав – 7:1

21 сентябр

17:30 | Либиё – Испания

17:30 | Қазоқистон – Зеландияи Нав

Гурӯҳи E

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Португалия

2

2

0

0

13-3

6

2

Марокаш

2

2

0

0

10-5

6

3

Тоҷикистон

2

0

0

2

4-7

0

4

Панама

2

0

0

2

4-16

0

16 сентябр

Португалия – Панама – 10:1

Тоҷикистон – Марокаш – 2:4

19 сентябр

Марокаш – Панама – 6:3

Португалия – Тоҷикистон – 3:2

22 сентябр

17:30 | Марокаш – Португалия

17:30 | Панама – Тоҷикистон

Гурӯҳи F

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

16-5

6

2

Фаронса

2

2

0

0

13-6

6

3

Гватемала

2

0

0

2

7-15

0

4

Венесуэла

2

0

0

2

4-14

0

16 сентябр

Эрон – Венесуэла – 7:1

Гватемала – Фаронса – 3:6

19 сентябр

Эрон – Гватемала – 9:4

Фаронса – Венесуэла – 7:3

22 сентябр

20:00 | Фаронса – Эрон

20:00 | Венесуэла – Гватемала

1/8 финал: 24-27 сентябр

Чорякфинал: 29-30 сентябр

Нимфинал: 2-3 октябр

ФИНАЛ: 6 октябр