"Истиқлол" аз "Шарҷа" шикаст хӯрд

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуд.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 17-уми сентябр бо ҳузури зиёда аз 10 ҳазор тамошобин дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Голи ягонаро Муҳаммад Фирас Бен Арбӣ дар дақиқаи 72-юм ба самар расонд.

Алишер Тухтаев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии “Истиқлол”, дар нишасти хабарии пас аз бозӣ муқобили “Шарҷа” гуфт, “дар умум бозии дастаи мо бад набуд. Дар ҳарду қисми вохӯрӣ ҳолатҳои хубӣ голзанӣ доштем, аммо бахт ба рӯямон нахандид. Агар лаҳзаҳои голзанӣ истифода мешуданд, бозӣ ранги дигар мегирифт. Вале, мутаассифона, чунин нашуд. Даври аввал аст, мусобиқа нав оғоз шуд, ҳама чиз ҳоло дар пеш аст. Бозиро таҳлил намуда, сари камбудиҳо кор мекунем ва ба бозии оянда тайёрӣ мебинем.”

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» тими «Ал-Ваҳдат»-и Урдун дар майдони худ бар дастаи «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дарвоқеъ, дар ин дидор футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳанонов, ки дар тими “Сипоҳон” бозӣ мекунад, дар дақиқаи 9-уми бозӣ ҳисобро кушод.

Дар даври дуюми мусобиқот, ки рӯзи сешанбеи 1-уми октябр барпо мегардад, «Истиқлол» дар сафар бо «Сипоҳон» ва “Шарҷа” дар майдони худ бо “Ал-Ваҳдат” рақобат мекунанд.

Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC-2024/25

Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври аввал

Гурӯҳи С

«Истиқлол» - «Шарҷа» - 0:1

Гол: Муҳаммад Фирас Бен Арбӣ, 72

«Истиқлол»: Муҳриддин Ҳасанов, Кейта Сузуки, Алексей Ларин, Амирбек Ҷурабоев, Содиқҷон Қурбонов (Аҳтам Назаров, 90+5), Мэтю Миллар (Манучеҳр Ҷалилов, 78), Мурило Соуза (Димитар Митков, 83), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (сарвони даста), Шервонӣ Мабатшоев (Франческо Марҷиотта, 78), Рустам Соиров.

Корти зард: Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Содиқҷон Қурбонов, Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммад Абдулвосит, Дарко Неясмич, Дэвид Петрович («Шарҷа»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Кайо Фернандес («Шарҷа»).

Сардовар: Иброҳим Ҳасан Маҳфуд (Баҳрайн).

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Рашид Ал-Досарӣ (Қатар).

17-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 10250 тамошобин.

“Ал-Ваҳдат” – “Сипоҳон” – 2:1

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 9 (0:1), Гюэй Оуссейноу, 22 (1:1), Иброҳим Сабра, 55 (2:1).

Гурӯҳи С

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Ал-Ваҳдат”

1

1

0

0

2-1

3

2

“Шарҷа

1

1

0

0

1-0

3

3

“Сипоҳон”

1

0

0

1

1-2

0

4

“Истиқлол”

1

0

0

1

0-1

0

Даври дуюм

1-уми октябр (сешанбе)

19:00 - “Сипоҳон” – “Истиқлол”

19:00 – “Шарҷа” – “Ал-Ваҳдат”

НАХУСТИН БОЗИИ “РАВШАН” БО “МОҲУН БАГАН”

Дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC-2024/25 Тоҷикистонро, инчунин дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони кишвар, намояндагӣ мекунад. “Равшан”, ки ба гурӯҳи “А” шомил аст, рақибонаш дастаҳои “Ал-Вақра”-и Қатар, “Трактор”-и Эрон, “Моҳун Баган” -и Ҳиндустон мебошанд.

“Равшан” нахустин бозиашро рӯзи чоршанбеи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган” баргузор мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Калкутта соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ Масъуд Назарзода, сармураббии “Равшан”, гуфт, “бархе аз футболбозони мо дар кишвари Ҳиндустон майдондорӣ кардаанд ва бо футболи ин кишвар ошноянд. “Моҳун-Баган”-ро ҳамчун яке аз дастаҳои сермухлиси кишвари Ҳиндустон медонем ва бовар дорем, ки футболбозони мо бозии ҷолибу зебо нишон медиҳанд.”

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё зӯртарин бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.