Мунтахаби Тоҷикистон барои Ҷоми шоҳи Тайланд мубориза мебарад

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар мусобиқаи байнулмилалии "King’s Cup 2024" ("Ҷоми Шоҳ-2024") ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, 50-умин мусобиқаи байнулмилалии «King’s Cup 2024», ки дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) - 11-ум ва 14-уми октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби Сурия, Тайланд, Тоҷикистон ва Филиппин иштирок мекунанд.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сурия вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ тимҳои миллии Тайланд ва Филиппин бо ҳам вомехӯранд.

Ин бозиҳо рӯзи 11-уми октябр дар варзишгоҳи Тинсуланондаи шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешаванд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2024» рӯзи 14-уми октябр доир мегарданд.

Мусобиқаи байнулмилалии «King’s Cup 2024»

Нимфинал

11-уми октябр (ҷумъа)

16:30 – Сурия – Тоҷикистон

20:00 – Тайланд – Филиппин

14-уми октябр (душанбе)

16:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Варзишгоҳи Тинсуланонда, Сонгкхла, Тайланд

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Петр Шегрт, мутахассиси хорватӣ, дар бозии ниҳоии мусобиқаи 48-уми байнулмилалии “King’s Cup 2022” тими миллии Малайзияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:0 (замони асосӣ 0:0) шикаст дода, барандаи “Ҷоми Шоҳ-2022" шуда буд.