"Истиқлол"-ро ба бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои АFC кӣ омода мекунад?

Дар мусобиқоти Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25  Тоҷикистонро ду даста – "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва "Равшан"-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони кишвар, намояндагӣ хоҳанд кард.

Бар асоси қуръакашӣ “Истиқлол” дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Сипоҳон”-и Эрон, “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун рақобат мекунад.

Бошгоҳи футболи «Шарҷа» аввалин рақиби “Истиқлол” дар лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 мебошад. Бозӣ миёни ин ду даста рӯзи сешанбеи 17-уми сентябр соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.

«Шарҷа», бошгоҳи футбол аз шаҳри Шарҷа, соли 1966 таъсис ёфтааст ва дар Про-лига – дивизиони олии қаҳрамонии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ иштирок мекунад. “Шарҷа” қаҳрамони шашкаратаи Иморот буда, нӯҳ бор Ҷоми миллии ин кишварро соҳиб шудааст.

Ба иттилои гурӯҳи фейсбукии “Ҷаҳони футболи тоҷик”, Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, се ҳафта қабл аз мақоми сармураббии дастаи «Истиқлол» истеъфо дода, гуфтааст, “ман дар корам шарту талаботи худро дорам ва намехоҳам ба кори ман касе дахолат кунад. Аз ин рӯ, нахостам дигар ҳамкориро бо даста идома диҳам ва мо барои қатъи қарордод ба мувофиқа расидем”.

Аммо бошгоҳи «Истиқлол» то кунун дар ин бора ба таври расмӣ хабар надодааст. Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Никола Лазаревич бо сабаби беморӣ чанд рӯз аст, ки ба машқҳои даста раҳбарӣ намекунад. Қарордоди ӯ бо бошгоҳи “Истиқлол” бекор нашудааст. Дар ҳамин ҳол тамринҳои даста зери раҳбарии Предраг Пешич, ёвару ҳамватани Лазаревич, ҷараён дорад”.

Ҳакамони бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2024/25 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз Баҳрайн мебошанд. Сардовари ин бозӣ Умар Иброҳим Маҳфуд таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш Муҳаммад Ҷаъфар Салмон ва Абдулло Солеҳ Муҳсин кӯмак хоҳанд кард. Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Холид Таррар (Баҳрайн), нозири доварон Сукбир Синх (Сингапур) ва комиссари бозӣ Рашид Ал-Досарӣ (Қатар) мебошанд.

Нархи билети тамошои бозии “Истиқлол” ва “Шарҷа” дар Варзишгоҳи марказӣ барои минбари асосӣ 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи билет 20 сомонӣ муқаррар шудааст. Нархи билети VIP бошад, 200 сомонӣ мебошад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба гурӯҳи “А” шомил аст. Рақибони “Равшан” дастаҳои “Ал-Вақра”-и Қатар, “Трактор”-и Эрон, “Моҳун Баган” -и Ҳиндустон мебошанд.

“Равшан” нахустин бозиашро рӯзи чоршанбеи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган” баргузор мекунад.

“Моҳун Баган” бошгоҳи варзишӣ аз шаҳри Калкуттаи иёлати Банголи Ҳиндустон аст. Ин куҳантарин бошгоҳи футбол дар Осиё буда, соли 1889 таъсис ёфтааст. “Моҳун Баган” дар Супер-лигаи Ҳиндустон дар мавсими солҳои 2022-2023 ғолиб шудааст.

Дастаи «Равшан» ба бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо зери раҳбарии сармурабби Алии Масъуд, мутахассиси эронӣ, ки соҳиби иҷозатномаи «PRO» аст, омодагӣ мебинад.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё зӯртарин бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.