Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши тозае дар бораи иқтисод гуфтааст, баъди ҳамла ба толори “Крокус”-и Маскав ва тағйирот ба қонунҳои Русия, кори муҳоҷирон кишвар мушкил шудааст, ки он ба вазъи иқтисод дар Тоҷикистон таъсир мерасонад. Мақомоти Тоҷикистон баръакси чунин арзёбиҳо, аз дурнамои рушди иқтисод, ё афзоши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ суҳбат мекунанд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки бо рублҳои фиристодаашон зиндагии хонаводаҳояшонро дар Тоҷикистон пеш мебаранд, мегӯянд, ки афзоиши рейду санҷишҳо дар Русия кори онҳоро душвор ва даромадашонро кам кардааст.
Наврӯз аз зумраи онҳоест, ки 20 сол боз дар Русия кор мекунаду бармегардад. Дар сохтмон ва дигар корҳо заҳмат мекашад, то зиндагии хонаводаашро дар Тоҷикистон пеш барад. Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар чанд моҳи ахир иқоматаш дар Русия мушкил шуда, даромадаш ҳам коҳиш ёфтааст: “Ҳозир, хайр аз сабаби рейдҳо, аз сабаби тафтиши бисёр мардумро бисёр ихроҷ, ё депортатсия карда истодаанд. Хайр маош гирифта Тоҷикистон равон мекунед, лекин мисли пеш нест. Қурби рубли русӣ пештар 150 сомонӣ буд, ҳозир 118-116-115 шудааст, ки ба ҷайби муҳоҷирон таъсир расонидааст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Айни чунин мушкил дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ишора шудааст. Дар гузориш омадааст, соли гузашта рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,3 дарсад буд ва мумкин аст, имсол кам шавад. Бар тибқи пешгӯии бонк мушкилотии муҳоҷирон дар Русия, ки пас аз ҳамла ба толори “Крокус” афзоиш ёфт, ба даромади онҳо беасар намемонад.
“Дурнамои иқтисодии Тоҷикистонро номуайянӣ дар минтақа тира кардааст. Дар робита ба афзоиши рукуд дар шарикони асосии тиҷоратӣ ва суст шудани ислоҳоти сохтории дохилӣ, рушди миёнамӯҳлат дар соли 2024 тақрибан 6,5 дарсад ва дар солҳои минбаъда 4,5 дарсад пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, ки омили муҳими рушд аст, коҳиш ёфта, ба бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ таъсир расонад”- омадааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ.
Пешгӯиҳои ба ҳақиқат наздик?
Иқтисоддонҳо бар иннанд, ки чунин пешгӯӣ ба ҳақиқат наздик аст, зеро интиқоли пули муҳоҷирон шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таври занҷираӣ ба дигар бахшҳо низ метавонад таъсир гузорад.
Абдуллоҳ Ашӯров, хабарнигор ва иқтисоддон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон дигар омилҳое низ ба вазъи иқтисодии кишвар таъсир мерасонад. Ӯ афзуд: “Албатта ҳукумати Тоҷикистон дар ду соли оянда як давраи хеле ба назар мерасад душвореро дар пеш хоҳад дошт.
Аз як сӯ эҳтимоли кам шудани даромади муҳоҷирони корӣ, сахттар шудани вазъи кору зиндагии онҳо дар Русия аз эҳтимол дур нест. Аз сӯи дигар дар ду соли оянда Тоҷикистон бояд қарзи асосие, ки аз ҳисоби фурӯши евробондҳо, ки ба беш аз 500 миллион доллар фурӯхта буд, баргардонад. Ва албатта ин сарбории гароне барои буҷаи Тоҷикистон хоҳад буд. Аз сӯи дигар ҳанӯз ҳам сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” идома дорад, ки хазинаи хеле калоне талаб мекунад. Аз буҷаи кишвар пули калоне харҷ мешавад.”
Мушкили вазъи сармоягузорӣ, муҳайё набудани фазои рақобатпазир дар бозори дохилӣ ва масъалаи сармоягузорӣ ба нерӯгоҳи “Роғун” ҳам дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ зикр шудааст.
Мақомот чӣ мегӯянд?
Мақомоти тоҷик то ҳол ба ин арзёбӣ вокуниш накардаанд. Қаблан дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфта буданд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 61,7 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,2 дарсадро ташкил додааст. Мақомот на ҳамеша дар бораи саҳми маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон дар рушди иқтисод суҳбат мекунанд.
Пешгӯии Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи паёмадҳои коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар ҳолест, ки мақомот дар чанд соли ахир аз гуфтани ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ мекунанд. Бино ба арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, пули интиқолии муҳоҷирони тоҷик ба сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.
Солона садҳо ҳазор нафар барои дарёфти кору маоши беҳтар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Ин кишвар ба як манбаи даромади хонаводаҳои тоҷик табдил ёфтааст.
Барои кам кардани пойбандии иқтисоди кишвар аз пули муҳоҷирон, коршиносон борҳо таъкид намудаанд, ки мақомот бояд ба беҳбудии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорон, таъсиси корхонаву ҷойҳои нави корӣ ва афзоши маҳсулоти рақобатпазир таваҷҷӯҳи бештар диҳанд.