Ба Далер Назаров ҷоизаи Рӯдакиро доданд

Бисёре аз таронаҳои Далер Назаров дар Тоҷикистон маъруф аст ва пайваста бозхонӣ мешаванд.

Ҷоизаро дар як маҳфиле рӯзи 6-уми сентябр Абдулло Раҳмонзода, дастёри президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба овозхон тақдим кард.

Далер Назаров, овозхони 65- солаи тоҷик, ки аз охирҳои солҳои 70-уми қарни гузашта рӯйи саҳнаи ҳунар омад ва аз он замон то имрӯз маҳбуби мардум аст. Таронаи "Чак-чаки борони баҳор" яке аз он таронаҳоест, ки бисёре аз мардум онро медонанду батакрор мешунаванд.

Далер Назаров 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи санъатшинос Меҳрубон Назаров ба дунё омадааст. Ҳамчун сарояндаи сурудҳои эстрадӣ ва оҳангсоз ном бароварда, дар чанд филм ҳам нақш офаридааст. Бо вуҷуди он ки Далер Назаров, яке аз пуркортарин санъаткорони муосири тоҷик гуфта мешавад то ҳол ҳеч унвону ҷоизаҳои давлатӣ надошт.

Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1963 таъсис ёфтааст, ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву фарҳангӣ тақдим мешавад. Маблағи ҷойи аввали ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Далер Назаров соҳиби Ҷоизаи Рӯдакӣ шуд. Мардум дар бораи ӯ чӣ медонанд?

Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аз пуррақобаттарин мукофоти давлатӣ ба шумор меравад, ки бисёр адибонро барои пешниҳоди асар ба озмун ташвиқ мекунад. Ин ҷоизаро маъмулан дар арафаи 9-уми сентябр - Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим мекунанд. Дар солҳои Шӯравӣ Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарҳо барандаи ин ҷоиза шудаанд.

Ду рӯз пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба даҳҳо нафар ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ тақдим кард, аммо Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар як маҳфили маҳдуд дастёри президент ба овозхон супурд.