Русия се тоҷики дигарро гумонбари ҳамла ба "Крокус" донист

Ин афрод то якуми декабри соли 2024 дар ҳабс хоҳанд монд

Аз панҷ гумонзади ҳамла ба "Крокус", ки номашон нав эълон шуд, се нафарашон зодаи Тоҷикистон будаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манбааш дар мақомоти Русия гузориш додааст.

Рӯзи 28-уми август Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси панҷ гумонзади ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро то се моҳ дароз кард. Номи Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Мустақим Солиев, Умедҷон Солиев ва Ҳусейн Ҳамидов бори аввал расонаӣ шуда буд.

Хабаргузории ТАСС дар гузорише навишт, аз ин панҷ кас се нафарашон зодаи Тоҷикистон ҳастанд. Аммо расона номи зодагони Тоҷикистонро нагуфтааст.

Ба қавли ин расона, ин афрод охири моҳи март дар Ҷумҳурии Доғистони Русия боздошт шуданд. "Онҳо муттаҳам мешаванд, ки ба ҳамлагарон ба толори “Крокус” яроқ додаанд." Қаблан дар бораи ин афрод ва робитаи онҳо ба ҳодиса хабаре нашр нашуда буд. Ба сабаби пӯшида будани мурофиа назари худашон маълум нест.

Ба ин тартиб, шумораи тоҷикистониҳое, ки дар робита ба ҳамла ба "Крокус" боздошт мешаванд, ба 14 нафар расид.

Аз ин пеш бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси 11 зодаи Тоҷикистон, ки ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонзад ҳастанд, дароз шуда буд. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.

Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд. То кунун беш аз даҳ нафар, бо гумони даст доштан дар ин ҳамла ба ҳабс гирифта шудаанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, баъди ин ҳамла аҳволашон дар Русия бадтар шуд.