Дар Порис маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVII паралимпӣ доир мегардад

Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Порис баргузор мешаванд. Пойтахти Фаронса се маротиба Бозихои олимпиро кабул кардааст, аммо Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар ин ҷо доир мегарданд.

Дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ 4400 варзишгари маълул ширкат варзида, дар 20 намуди варзиш рақобат мекунанд. Дар тӯли 11 рӯзи мусобиқот параварзишгарон барои 549 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ ба мисли Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ баробарии гендерӣ нигоҳ дошта мешавад, яъне дар бозиҳо шумораи баробари мардону занон иштирок мекунанд.

ТАЪРИХИ БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

Оташи паралимпӣ рӯзи 24-уми август дар Сток-Мандевилли Англия, ки варзиши паралимпӣ ба вуҷуд омадааст, фурӯзон шуд. Дар он ҷо, дар беморхона 29-уми июли соли 1948 — дар рӯзи ифтитоҳи Олимпиадаи Лондон— пизишки рӯҳшиноси олмонӣ Людвиг Гуттман барои собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки ҷароҳатҳои сутунмӯҳра доштанд, ҷиҳати барқарорсозии онҳо аввалин мусобиқаи варзиширо ташкил кард. Мусобиқаи камонварӣ дар аробачаи маъюбиро, ки дар он 16 нафар беморони госпитали ҳарбӣ ширкат доштанд, доктор Гуттман Бозиҳои Сток-Мандевилл номид.

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ XVII ПАРАЛИМПӢ

Маросими кушодашавии Бозиҳои паралимпӣ, ба монанди маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Порис, аввалин маротиба берун аз варзишгоҳ баргузор мешавад. Иштироккунандагони Бозиҳо қад-қади Майдони Елисей ба майдони Созиш мераванд. Онҳоро дар роҳ қариб 65 ҳазор нафар тамошобинон истиқбол мегиранд.

Дар бисёре аз майдону толорҳое, ки тамошобинонро дар ҷараёни Бозиҳои олимпӣ дар Порис мафтун карда буданд, мусобиқаҳои паралимпӣ низ баргузор хоҳанд шуд. Ҳамагӣ 16 варзишгоҳ ё майдоне, ки дар замони Бозиҳои олимпии соли 2024 истифода мешуданд, дар давоми Бозиҳои паралимпӣ ҳам хидмат хоҳанд кард.

Масалан, акнун дар маҷмааи варзишии маъюбон мусобикаи камонварони паралимпӣ, дар Гран-Пале мусобикаи шамшербозӣ дар аробачаи маъюбӣ ва дар Версал пойгаи асптозӣ барпо мегарданд.

Дар як қатор майдонҳо тағйирот ворид карда шуд. Дар “Толори Марс” (Champs de Mars), ки мусобиқоти ҷудо сурат гирифта буд, рақобатҳо оид ба регби барпо мегардад. Майдончаҳои волейболи соҳилӣ дар бурҷи Эйфел ба майдонҳои чаманпӯш барои футболи нобиноён табдил дода шудаанд.

БОЗИҲОИ XVII ПАРАЛИМПӢ БЕ ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Дабири кулли Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Абдурауф Алимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона, ягона варзишгари мо Шоҳрух Назаров дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило дар Гран-прии Тбилиси, ки мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Паралимпиадаи Порис-2024 ба ҳисоб мерафт, натавонист муваффақ шавад”.

Ба гуфтаи оқои Алимов, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, инчунин шаш варзишгарро дар риштаҳои варзиши сабук (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр), тенниси рӯи миз барои гирифтани квота ба Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ пешниҳод кард, вале азбаски натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз меъёрҳои муқарраршуда паст аст, ба Тоҷикистон квота дода нашуд.

Бояд зикр намуд, варзишгарони маълули тоҷик, ки аз соли 2004 пайваста дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат меварзанд, бори аввал ба Паралимпиада намераванд. Дарвоқеъ, варзишгарони маълули тоҷик дар таърихи иштироки худ дар панҷ Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд.