Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Қазоқистон дар бозии дӯстона

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми байнулмилалии дӯстона аз тими миллии Қазоқистон бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Бозии дуюми дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Қазоқистону Тоҷикистон дар доираи омодагии ҳарду даста ба қаҳрамонии ҷаҳон-2024 шоми шанбеи 24-уми август дар маҷмааи варзишии «Сайран Арена»-и шаҳри Остона баргузор шуд.

То дақиқаи 28-уми бозӣ ҳисоб 3:2 ба фоидаи футзалбозони тоҷик буд. Аммо мизбонон на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки 14 сония пеш аз садои ҳуштаки ниҳоӣ голи чаҳорумро зада, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар ҳайати мунтахаби Қазоқистон Азат Валиуллин ду гол, Арнолд Кнауб ва Дуглас якголӣ заданд. Голҳои дастаи Тоҷикистонро Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев ва Идрис Ёров ба самар расонданд.

Бозии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Қазоқистону Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 22-юми август дар дар маҷмааи варзишии «Сайран Арена»-и шаҳри Остона баргузор шуда буд. Нимаи аввали дидор бидуни гол хотима ёфт. Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон се гол заданд. Голҳоро Биржан Оразов, Даурен Турсагулов ва Акжол Дарибай ба самар рсонданд.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ лар Остона 16 нафар – 3 дарвозабон ва 13 бозигарро даъват кардааст.

Дарвозабони асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фирӯз Бекмуродов ба далели ҷароҳат доштанаш дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими миллии кишвар дар Остона ширкат надорад.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов, Хушбахт Исоев, Нуриддин Ҷабборов;

Бозигарон: Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Абдуқаюм Умаров, Умед Қузиев, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Насратшо Исмоилов.

Ёдовар мешавем, даҳумин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри имсол дар се шаҳри Узбекистон - Тошканд, Бухоро ва Андиҷон – баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.

Тими миллии футзали Қазоқистон, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2016, низ дар қаҳрамонии ҷаҳон-2024 дар Узбекистон иштирок хоҳад кард. Рақибони Қазоқистон дар гурӯҳи “D” дастаҳои мунтахаби Испания, Зеландияи Нав ва Лубнон мебошанд.

Бозиҳои байнулмилалии дӯстона:

22-юми август (панҷшанбе)

Қазоқистон – Тоҷикистон – 3:0

Голҳо: Биржан Оразов, 30 (1:0), Даурен Турсагулов, 30 (2:0), Акжол Дарибай, 35 (3:0).

Остона, маҷмааи варзишии «Сайран Арена»

24-уми август (шанбе)

Қазоқистон – Тоҷикистон – 4:3

Голҳо: Самандар Ризомов, 9 (0:1), Арнолд Кнауб, 10 (1:1), Азат Валиуллин, 18 (2:1), Бахтиёр Солиев, 28 (2:2), Идрис Ёров, 28 (2:3), Азат Валиуллин, 34 (3:3), Дуглас, 40 (4:3).

Остона, маҷмааи варзишии «Сайран Арена»