"Пиронсолону беморонро партофта рафтанд". Сӯҳбати сокинони шаҳри русии Суҷа бо хабарнигори украинӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Суҷа "занону пирон мондаанд". Хабарнигор чӣ дид?

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри русии Суҷаи вилояти Курски Русия, ки таҳти назорати нирӯҳои украинӣ гузаштааст, сокинони ҳайрону саргардонро пайдо кард.

Аксар сокинони ин шаҳри воқеъ дар сарҳади Украина онро тарк кардаанд, вале бисёр пиронсолону дармондаҳо, ки дигар роҳи гурез надоштанд, монданд. Замоне ин ҷо 5 ҳазор нафар зиндагӣ мекард.

Аввали моҳи август нирӯҳои украинӣ дар як ҳаракати ғайримунтазирае вориди хоки Русия шуданд ва ҳоло қисмате аз қаламраверо дар сарҳад зери назорати худ нигоҳ медоранд.

Шаҳри Суҷа, ки зери назари нирӯҳои украинӣ аст, тақрибан пурра холӣ шудааст, вале чанд сокини ҳайрону саргардон талош доранд зинда монанд. Рӯзи 20 август хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамроҳ бо дигар журналистони украинӣ аз Суҷа дидан кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Суҷа "занону пирон мондаанд". Хабарнигор чӣ дид?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Эҳтиёт кунед." Тавсия ба узбекистониҳо дар Курск, Брянск ва БелгородНерӯҳои Украина пули дуюмро дар Курск вайрон кардаандЗеленский гуфт, мавқеи нерӯҳои Украина дар Курск "устувор" мешавад