Гела Шекиладзе фаъолияташро дар тими миллии Тоҷикистон идома медиҳад

Акси Гела Шекиладзе аз сомонаи fft.tj

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шартномаи ҳамкориро бо мутахассиси гурҷӣ-белгиягӣ Гела Шекиладзе тамдид кард. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст. 

Ин мутахассиси 53-сола аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба тими миллии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Шекиладзе вазифадор шудааст, ки дастаро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 барорад.

«Ман аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои эътимодашон миннатдорам. Мо омодагиро ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 моҳи сентябр дар Малайзия бо ширкат дар як мусобиқа шуруъ мекунем. Сипас, моҳи октябр дар рӯзҳои ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар Тайланд дар мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат меварзад. Ҳамчунин дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр бозиҳои санҷишӣ ба нақша гирифта шудааст. Мо ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҷиддӣ омода хоҳем шуд, чунки дар назди даста вазифа гузошта шудааст, то ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёбад», – гуфт Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон.

Шекиладзе, ки пештар ёвари Петар Шегрт буд, аз охири моҳи феврали имсол сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки зери роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” бо касби 8 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми мусобиқот ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гашт.

Ҳамакнун тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти соли оянда оғоз меёбад, иштирок хоҳад кард.

Гела Шекиладзе дар дастаҳои «Динамо-Батуми» (Гурҷистон), «Лйерс» (Белгия), «Руселаре» (Белгия), «Арсенал» (Украина) ва ССКА (Украина) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ кардааст. Вай дар ҳайати тими миллии Гурҷистон 22 бозӣ анҷом додааст.

Солҳои 2007-2011 Шекиладзе дастаҳои миллии Гурҷистонро (U-15, U-16, U-19, U-21) роҳбарӣ намудааст. Ҳамчунин Шекиладзе ёвари сармураббӣ Петар Шегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон ва Молдив буд. Ӯ дорои парвона ё иҷозатномаи мураббии дараҷаи «Pro»-и УЕФА мебошад.