Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, қонуни нав рӯзи 21-уми август пешниҳод шуд. Дар моддаи 13-и он пӯшонидани ҳама бадани занон ҳатмӣ хонда шуда, "барои тарс аз фитна, пӯшонидани чеҳраи занон зарурӣ аст".
Ҳамчунин дар ин қонун омадааст, ки садои зан, ҳатто агар хондани "Қуръон" бошад, ҳамчун "сатри аврат" шинохта мешавад ва "мухолифи шариати ислом ва мамнуъ аст".
Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" дар ин бора гузориш дод, ки санади 114-саҳифаӣ ва 25-моддаии қонуни нави амр ба маъруфи "Толибон" нахустин қонуни таҳияшуда баъди бозгашти дубораи ин гурӯҳ ба қудрат дар Афғонистон аст.
Абдулғаффор Форуқ, сухангӯи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати "Толибон", рӯзи панҷшанбе гуфт, мардумро итминон медиҳанд, ки "ин қонуни исломӣ кумаки калоне ба нашри корҳои писандида ва пешгирӣ аз корҳои бад мекунад".
Аммо гурӯҳе аз занон ва духтарон дар дохили Афғонистон ин қонуни "Толибон"-ро "пойбандиҳои сахтгирона бар занони афғон" мехонанд. Ду зани муқими вилоятҳои Кобул ва Нимрӯз бо интиқод аз ҷорӣ шудани ин қонунҳо, ки зиндагияшонро сахт мегардонад, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Толибон" мехоҳанд бо ҷорӣ кардани қонунҳои сахтгирона, таваҷҷуҳи ҷаҳонро ба худ ҷалб кунанд".
Ҳедер Барр, муовини бахши осиёии Дидбони ҳуқуқи башар низ қонуни нави "Толибон"-ро дар Афғонистон маҳдуд кардани ҳуқуқи башар барои занон хонд ва гуфт, "ҷомеаи байнулмилалӣ ҷуръати ин корро ба "Толибон" додааст".
Вай бо ишора ба ин ки қонуни охири "Толибон" идомаи фармонҳои саркӯбкунандаи ин гурӯҳ дар се соли гузашта аст, афзуд, "ҳоло маълум мешавад, ки эҳсоси қудрат ва ҷуръати бештаре мекунанд ва бо шавқи бисёр ба роҳашон идома медиҳанд".
Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон беш аз се сол боз дар қудрат қарор дорад, вале то кунун аз сӯи ҳеч кишвар расман эътироф нашудааст.
Таъмини ҳуқуқи занон, озодии баён, барқарории ҳукумати фарогир ва ба даст овардани машруияти дохилӣ, аз ҷумлаи шартҳое ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати "Толибон" матраҳ кардааст.