Беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон ба Душанбе меоянд

Дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштингирӣ баргузор мешавад.

Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштингирӣ рӯзҳои 30-юм ва 31-уми август дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ доир хоҳад шуд.

Дар ин мусобиқа иштироки зиёда аз 200 варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Рақобатҳо аз рӯи нӯҳ вазн - се вазн миёни занон ва шаш вазн байни мардон - сурат мегирад.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар тақдим мегардад, барои ҷойи дуюм 10 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 5-ҳазордолларӣ супурда мешавад.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ки ҳамоҳангсози нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштингирӣ муқаррар гардидааст, муваззаф шудааст дар ҳамкорӣ бо ҳайати кумитаи тадорукот ва Федератсияи гуштингирии Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар ин мусобиқа таъмин намояд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 гуштингирӣ мақоми байнулмилалиро касб кардааст. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, куштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гардидааст.

Зимнан, 8-уми марти соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ мусобиқаи панҷуми байнулмилалӣ дар риштаи гуштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” баргузор шуда буд.

Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар (мардон ва занон) аз 40 кишвар иштирок карданд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи миллии гуштингирии Тоҷикистон сурат гирифт

Мардон аз рӯи панҷ вазн ва занон аз рӯи ду вазн рақобат карданд. Байни мардон дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров (-65 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-71 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-78 кг) ва Умар Расулов (-86 кг) - ғолиб шуданд. Дар як вазни дигар (+86 кг) паҳлавон аз Узбекистон Шермуҳаммад Ҷондреев пирӯз гардид.

Дар байни занон Ли ван Тин аз Чин дар вазни зери 57 кило ва Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳибони медалҳои тилло шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гаштанд. Маблағи ҷоизаҳои молии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.