Бар асоси қуръакашӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Сипоҳон”-и Эрон, “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун рақобат мекунад.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, ба гурӯҳи “А” шомил шуд. Рақибони “Равшан” дастаҳои “Ал-Вақра”-и Қатар, “Трактор”-и Эрон, “Моҳун Баган Супер Гиант” -и Ҳиндустон мебошанд.
Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2024/25 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи элита ё зӯртарин бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок кунанд.
Ба ғайр аз ду дастаи Тоҷикистон, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2, инчунин тимҳои “Алтин Асир”-и Туркманистон ва “Насаф”-и Узбекистон иштирок мекунанд.
“Алтин Асир” дар гурӯҳи “В” бо тимҳои “Ал-Таавун”-и Арабистони Саудӣ, “Эйр форс”-и Тайланд ва “Ал-Халдия”-и Баҳрайн рақобат хоҳад кард. Рақибони дастаи “Насаф” дар гурӯҳи “D” тимҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, “Ал-Ҳусейн”-и Урдун ва “Кувайт”-и Кувайт мебошанд.
Бозиҳои даври аввали мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 рӯзҳои 17-ум, 18-ум ва 19-уми сентябр баргузор мешаванд.
Бояд зикр намуд, дастаи “Истиқлол” ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 зери раҳбарии Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, омодагӣ мебинад.
Аммо дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар ҳамин ҳол сармураббӣ надорад. Амин Субҳонӣ, мутахассиси эронӣ, ки даҳ рӯз пеш сармураббии “Равшан” таъйин шуда буд, аз вазифааш истеъфо дод.
Вай иброз доштааст, ки сабаби аслии аз мақоми сармураббии «Равшан» канор рафтанаш ин носозгорӣ миёни ӯ ва мудири фаннии даста - Масъуд Назарзода, мутахассиси дигари эронӣ, мебошад.
Натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2024/25:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»
«Ал-Вақра» (Қатар)
«Трактор» (Эрон)
«Мохун Баган» (Ҳиндустон)
«Равшан» (Тоҷикистон)
Гурӯҳи «В»
«Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ)
«Эйр Форс» (Ироқ)
«Ал-Халдия» (Баҳрайн)
«Алтин Асир» (Туркманистон)
Гурӯҳи «С»
«Сипоҳон» (Эрон)
«Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Ал-Ваҳдат» (Урдун)
Гурӯҳи «D»
«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот)
«Насаф» (Узбекистон)
«Ал-Ҳусейн» (Урдун)
«Кувайт» (Кувайт)