Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби футзали кишвар, ки ҷамъомади таълимиву тамриниро дар шаҳри Остона доир намудааст, рӯзҳои 22-юм ва 24-уми август дар маҷмааи варзишии «Сайран Арена» бо тими миллии Қазоқистон бозиҳои дӯстона баргузор мекунад.
Дарвоқеъ, тими миллии Қазоқистон, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2016, низ дар Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Узбекистон иштирок хоҳад кард,
Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ лар Остона 16 нафар – 3 дарвозабон ва 13 бозигарро даъват кардааст.
Дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба далели андак ҷароҳат доштанаш дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими миллии кишвар ширкат намеварзад.
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов, Хушбахт Исоев, Нуриддин Ҷабборов;
Бозигарон: Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Абдуқаюм Умаров, Умед Қузиев, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Насратшо Исмоилов.
Бозиҳои байналмилалии дӯстона:
22-юми август (панҷшанбе)
Қазоқистон - Тоҷикистон
Остона, маҷмааи варзишии «Сайран Арена»
24-уми август (шанбе)
Қазоқистон - Тоҷикистон
Остона, маҷмааи варзишии «Сайран Арена»
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё, ки моҳи апрели имсол дар Бангкоки Тайланд доир гардид, мақоми чаҳорумро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2024 роҳ ёфт.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), тимҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ пайдо карданд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.