Варзишгарони тоҷик аз Олимпиада баргаштанд. Натиҷа қаноатбахш аст?

Давлат Болтаев, Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков

Варзишгарони тоҷик, ки аз Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ соҳиби медал шуда буданд, 14-уми август ба Душанбе баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе варзишгарони тоҷикро наздиконашон, масъулини соҳа ва ҳаводорони варзиш истиқбол карданд.

Дар Олимпиадаи Порис, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуданд, се варзишгари тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс (92 кг) – медали биринҷӣ гирифтанд.

Пешвози варзишгарони тоҷик дар Фурудгоҳи Душанбе

Аммо 11 варзишгари дигари тоҷик - муштзанҳо Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг); ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг); шиноварон - Фахриддин Мадкамов (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон) ва Екатерина Бордачёва (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон); даванда Фаворис Музрапов (дав ба масофаи 100 метр байни мардон); Виктор Рассадин (74 кг) дар риштаи гуштии озод ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) дар риштаи таэквондо - бе медал монданд.

ҶОИЗАҲО БА СЕ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК

Варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис медали биринҷӣ гирифтанд, бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис барандагони медали биринҷӣ шуданд, манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад. Ба ғайр аз ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба барандагони медали биринҷии Бозиҳои олимпии Порис 10 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ муқаррар кардааст.

ОЁ НАТИҶАҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС ҚАНОАТБАХШ АСТ?

Ба назари коршиносони соҳа натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис бо ду кишвари Осиёи Марказӣ – Узбекистон ва Қазоқистон қиёснашаванда аст. Агар бо Қирғизистон муқоиса кунем, шумораи медалҳои қирғизҳо нисбат ба тоҷикон ду баробар зиёд мебошад, инчунин онҳо ду медали нуқра гирифтанд, вале варзишгарони тоҷик танҳо биринҷӣ.

Бинобар ин, коршиносон барои ислоҳи вазъ ва омодагии хубтари варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои баъдии олимпӣ пешниҳодҳои мушаххасе карданд, ки аз ин қарор аст:

  • Сохтори Кумитаи ҷавонон ва варзиш тағйир дода, кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд;
  • Ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин карда шаванд;
  • Барномаи вижаи ҳукуматӣ дар мавриди омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 таҳия ва роҳандозӣ гардад;
  • Маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда шавад;
  • Дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад, ки дорои иншооти варзишӣ, макони зист, ошхона, дармонгоҳ, биноҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра бошад;
  • Варзишгарони касбӣ узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо маоши барои худ ва оилаашон басанда, шароити созгори тамрин, ғизои хуб таъмин карда, бо машқҳои дастҷамъӣ фаро гирифта, барои ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ (дар як сол на кам аз 10-12 мусобиқа) чораҳои зарурӣ андешида шавад;
  • Барои рушди намудҳои афзалиятноки олимпӣ дар кишвар, ба мисли бокс, ҷудо, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ), таэквондо WT ва ғайра мутахассисони варзидаи сатҳашон ҷаҳонӣ даъват карда, онҳо сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон таъйин шаванд;
  • Ба Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон сарвазири кишвар раҳбарӣ намояд, на муовинаш. Зимнан, дар бархе аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба чунин ташкилот президентҳо сарварӣ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари сокинон ба корномаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Порис-2024

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 ширкат варзида, ҳамагӣ 7 медал (1 нишони тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Ягона медали тилои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба гурзандоз Дилшод Назаров мутааллиқ аст. Ӯ соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.

Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар чаҳор Олимпиада медал ба даст овардаанд ва натиҷаи беҳтарини Тоҷикистон ҷойи 54-ум дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия дар соли 2016-ум мебошад:

Олимпиадаи Пекин-2008 – 1 нуқра, 1 биринҷӣ, ҷойи 68-ум

Олимпиадаи Лондон-2012 – 1 биринҷӣ, ҷойи 79-ум

Олимпиадаи Рио-де-Жанейро - 2016 – 1 тило, ҷойи 54-ум

Олимпиадаи Париж - 20243 биринҷӣ, ҷойи 79-ум