Маросими пӯшидашавии Бозиҳо, ки дар варзишгоҳи «Стад-де-Франс» доир гардид, аз якчанд давра иборат буд: баровардани парчамҳои кишварҳои ширкаткунанда, реҷаи варзишгарон, тақдими ҷоизаҳои ғолибони марафони занон, поин овардани парчами олимпӣ ва супурдани он ба мизбони навбатии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ – Лос-Анҷелес-2028.
Дар Олимпиадаи Порис-2024 беш аз 10 ҳазор варзишгар ширкат карда, дар 32 риштаи варзиш барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот дар ин Олимпиада варзишгарони 91 кишвар медал ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 63 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.
Дар Олимпиадаи Порис-2024 аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақоми аввалро соҳиб шуд. Варзишгарони ИМА 126 медал (40 тило, 44 нуқра ва 42 биринҷӣ) гирифтанд.
Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 91 медал (40 тило, 27 нуқра ва 24 биринҷӣ) азони худ кард. Мунтахаби Ҷопон бо касби 45 медал (20 тило, 12 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт.
Ба даҳгонаи аввал инчунин Австралия (18-19-16), Фаронса (16-26-22), Нидерланд (15-7-12), Британияи Кабир (14-22-29), Кореяи Ҷанубӣ (13-9-10), Италия (12-13-15) ва Олмон (12-13-8) дохил шуданд.
Аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ Узбекистон (8-2-3), Украина (3-5-4), Гурҷистон (3-3-1), Озарбойҷон (2-2-3), Қазоқистон (1-3-3), Арманистон (0-3-1), Қирғизистон (0-2-4), Литва (0-2-2), Молдова (0-1-3) ва Тоҷикистон (0-0-3) бо медалҳои Олимпиадаи Порис мукофотонида шуданд.
Вале варзишгарони Латвия, Туркманистон ва Эстония бе медал монданд. Варзишгарони Русия ва Беларус бошанд, дар ҳайати дастаи бетараф иштирок карданд.
29 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС
Варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 29 медал (9 тило, 7 нуқра ва 13 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон дар Олимпидаи Порис ба натиҷаҳои бемисл мушарраф шуд. Варзишгарони узбек 13 медал (8 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифта, дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо ҷойгоҳи 13-ум, дар миёни кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ мақоми аввал ва дар Осиё зинаи чаҳорумро касб карданд.
Мунтахаби Қазоқистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 41-ум, мунтахаби Қирғизистон бо касби 6 медал (2 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 68-ум ва дастаи Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 79-ум ҷойгир шуданд. Аммо дастаи Туркманистон бе медал монд.
Медалҳои варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Порис-2024:
УЗБЕКИСТОН - 13 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ):
Диёра Келдиёрова - ҷудо, занон, 52 кг, медали тило;
Ҳасанбой Дӯстматов – бокс, мардон, 51 кг, медали тило (қаҳрамони дукаратаи олимпӣ);
Улуғбек Рашитов – таэквондо, мардон, 68 кг, медали тило (қаҳрамони дукаратаи олимпӣ);
Асадхуҷа Муйдинхуҷаев – бокс, мардон, 71 кг, медали тило;
Лазизбек Муллоҷонов – бокс, мардон, 92 кг, медали тило;
Разамбек Ҷамолов – гуштии озод, мардон, 74 кг, медали тило;
Абдумалик Халоков – бокс, мардон, 57 кг, медали тило;
Баҳодур Ҷалолов – бокс, мардон, +92 кг медали тило (қаҳрамони дукаратаи олимпӣ);
Светлана Осипова, таэеквондо, занон, +67 кг, медали нуқра;
Акбар Ҷӯраев, вазнабардори, мардон, 102 кг, медали нуқра;–
Музаффарбек Тӯрабоев – ҷудо, мардон, 100 кг, медали биринҷӣ;
Алишер Юсупов - ҷудо, мардон, +100 кг, медали биринҷӣ;
Ғуломҷон Абдуллоев – гуштии озод, 57 кг, медали биринҷӣ.
ҚАЗОҚИСТОН – 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ):
Елдос Сметов - ҷудо, мардон, 60 кг, медали тилло;
Демеу Жадраев – гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали нуқра;
Наримон Қурбонов – гимнастикаи варзишӣ, мардон, медали нуқра;
Нурбек Оралбай - бокс, мардон, 80 кг, медали нуқра;
Назим Кизайбай – бокс, занон, 50 кг, медали биринҷӣ;
Гусман Қирғизбоев - ҷудо, 66 кг, медали биринҷӣ;
Дастаи омехта (Ислом Сатпаев ва Александра Ле), милтиқи пневматикӣ, 10 метр, медали биринҷӣ.
ҚИРҒИЗИСТОН - 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ):
Меерим Жуманазарова - гуштии озод, занон, -68 кг, медали нуқра;
Мунарбек Сеитбек Уулу – бокс, мардон, 57 кг, медали нуқра;
Холаман Шаршенбеков – гуштии юнонию румӣ, 60 кг, медали биринҷӣ;
Акжол Маҳмудов - гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали биринҷӣ;
Узур Джузупбеков - гуштии юнонию румӣ, 97 кг, медали биринҷӣ;
Айсулуу Тинибекова- гуштии озод, занон, 62 кг, медали биринҷӣ;
.
ТОҶИКИСТОН - 3 медали биринҷӣ:
Сомон Маҳмадбеков - ҷудо, мардон, 81 кг, медали биринҷӣ;
Темур Раҳимов – ҷудо, мардон, +100 кг, медали биринҷӣ;
Давлат Болтаев - бокс, мардон, 92 кг, медали биринҷӣ.
Ба ин тартиб, аз 14 варзишгари тоҷик се нафар – Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев (92 кг) дар риштаи бокс - аз Порис бо медалҳои биринҷӣ бармегарданд.
Аммо 11 варзишгари тоҷик - муштзанҳо Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг); ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг); шиноварон - Фахриддин Мадкамов (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон) ва Екатерина Бордачёва (тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон); даванда Фаворис Музрапов (дав ба масофаи 100 метр байни мардон); Виктор Рассадин (74 кг) дар риштаи гуштии озод ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) дар риштаи таэквондо - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.
Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 ширкат варзида, ҳамагӣ 7 медал (1 тило, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Ягона медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба гурзандоз Дилшод Назаров мутааллиқ аст. Ӯ соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.
Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило сазовори медали нуқра гаштааст. Дар Олимпаиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.
Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи бокс миёни занон дар вазни то 60 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.
Дар Олимпиадаи Порис-2024 Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо ва Давлат Болтаев (92 кг) дар риштаи бокс медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар чаҳор Олимпиада медал ба даст овардаанд ва натиҷаи беҳтарини Тоҷикистон ҷойи 54-ум дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия дар соли 2016-ум мебошад:
Олимпиадаи Пекин-2008 – 1 нуқра, 1 биринҷӣ, ҷойи 68-ум
Олимпиадаи Лондон-2012 – 1 биринҷӣ, ҷойи 79-ум
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро - 2016 – 1 тилло, ҷойи 54-ум
Олимпиадаи Париж - 2024 – 3 биринҷӣ, ҷойи 79-ум
ҶОИЗАҲО БА СЕ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК
Варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис медали биринҷӣ гирифтанд, бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 200 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис барандагони медали биринҷӣ шуданд, манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад. Ба ғайр аз ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба барандагони медали биринҷии Бозиҳои олимпии Порис 10 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ муқаррар кардааст.
НАЗАРИ КОРШИНОСОН БА НАТИҶАҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС
Ба назари коршиносони соҳа натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис назар ба се кишвари Осиёи Марказӣ хеле паст аст, ҳатто шумораи медалҳои қирғизҳо ду баробар зиёд, инчунин онҳо ду медали нуқра гирифтанд.
Бинобар ин, коршиносон барои омодагии беҳтари варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои баъдии олимпӣ ва ислоҳи вазъ пешниҳодҳои мушаххасе карданд, ки аз ин қарор аст:
- Сохтори Кумитаи ҷавонон ва варзиш тағйир дода, кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд;
- Ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин карда шаванд;
- Барномаи вижаи ҳукуматӣ дар мавриди омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 таҳия ва роҳандозӣ гардад;
- Маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда шавад;
- Дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад, ки дорои иншооти варзишӣ, макони зист, ошхона, дармонгоҳ, биноҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра бошад;
- Варзишгарони касбӣ – узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо маоши барои худ ва оилаашон басанда, шароити созгори тамрин, ғизои хуб таъмин карда, бо машқҳои дастҷамъӣ фаро гирифта, барои ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ (дар як сол на кам аз 10-12 мусобиқа) чораҳои зарурӣ андешида шавад;
- Барои рушди намудҳои афзалиятноки олимпӣ дар кишвар, ба мисли бокс, ҷудо, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ), таэквондо WT ва ғайра мутахассисони варзидаи сатҳашон ҷаҳонӣ даъват карда, онҳо сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон таъйин шаванд;
- Ба Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумат сарвазири кишвар раҳбарӣ намояд, на муовинаш. Зимнан, дар бархе аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба чунин ташкилот президентҳо сарварӣ мекунанд.